Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
неологизм боқӣ монанд. Аз ҳолати неологизмӣ зудтар баромада ба гурӯҳи активи лексика дохил шудан бештар ба неологизмҳои умумизабонӣ хос аст. Неологизмҳои нутқи индивидуалӣ ё номинативӣ — услубӣ ба гурӯҳи активи лексика хеле оҳиста мегузаранд ва дар ҳолати неологизмӣ дер боқӣ монанд ва мумкин аст ба гурӯҳи активи лексика ҳеҷ нагузаранд. Ин гуна неологизмҳо, ки бештар хоси забони асарҳои бадеианд, аксар дар ҳамин доира боқӣ мемонанд. Масалан, калимаҳои сохтаи палавидан, чалавидан ва ғайра аз доираи эҷодиёти худи Савдо берун намебароянд ва калимаҳои тӯдакаш, кафанкашола, дангалхоб ва ғайра аз эҷодиёти Раҳим Ҷалил хоси забони асари бадеӣ буда, дар ҳамин доира маҳдуд мешаванд.
Неологизмҳо аз рӯи эҳтиёҷ бо ду роҳ пайдо мешаванд:
-
Барои номбар намудани предмет, ҳодиса ва сифатҳои нави воқеият, ки дар ин сурат вазифаи махсуси номинативиро иҷро менамоянд. Масалан, космодром, беконфликтӣ (термини адабӣ), заминҳои навкорам, радифи маснуъ, бисёрвсерия, васеъэкран, бисёрҳазоркилочӣ, бригадаи меҳнатии коммунистӣ, услуби чоркунҷаи тоқа-тоқашинонӣ, мавҷи зарбазананда ва ғайра.
-
Барои аз нав номбар намудани предмет, ҳодиса ва сифатҳои воқеият, ки пеш аз ин ҳам дар забон ном доштанд.
Дар ин маврид дар қатори номҳои мавҷудаи ҳодисаҳои ҳаёти воқеӣ номҳои дигар, яъне синонимияи онҳо пайдо мешаванд. Масалан, аскар — солдат; сипоҳ, лашкар — армия; сурат — фотокарточка; дорухона — аптека; созиш — блок;
достон — поэма; самолёт — тайёра ва ғайра.
Ин қабил неологизмҳо нисбат ба маънои синонимҳои худ бо як навъ тобиши маъноӣ фарқ мекунанд, яъне маънои онҳо нисбатан конкреттар аст. Масалан, калимаҳои солдат, армия, аптека маъноҳои ҳозиразамонро ифода кунанд, маънои фотокарточка аз маънои сурат, ки синоними расм аст, аниқтар аст, блок на ҳамаи созишҳоро, балки созиши сиёсии байни гурӯҳҳои муайяни ҷамъиятиро ифода менамояд. Монанди ҳамин поэма нисбат ба достон маънои васеътар ва тайёра бошад, нисбат ба самолёт бештар ба нутқи индивидуалӣ хос аст ва барои ҳама фаҳмо нест.
Дар забон баъзе калимаҳо низ пайдо мешаванд, ки ҳамчун неологизм на танҳо умумият пайдо карда, баъдтар аз
ин доира берун мешаванд, балки ин марҳилаи тараққиётро
тай накарда, ба қатори калимаҳои кӯҳнашуда дохил шуда
мемонанд. Сабаби ин ҳамон хусусияти мафҳумҳои воқеияти
объективиро дуруст инъикос кунонида натавонистани ин калимаҳо мебошад. Масалан, дар солҳои аввали Ҳокимияти
Советӣ иштирокиюн, фирқа, шӯро барин калимаҳо пайдо
шуданд, ки мафҳумҳои муайяни воқеияти объективиро айнан ифода карда натавонистанд ва зуд ҷои худро ба калимаҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё