Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
дигари мувофиқ доданд ва ба қатори калимаҳои кӯҳнашуда дохил шуданд.
Хусусияти бисёрмаъной ба калимаҳои неологизм низ хос аст. Баъзан калимаҳои моносемантикӣ маънои нав мегиранд ва нисбат ба ҳамин маънои нави худ неологизм мешаванд. Масалан, дар солҳои муборизаи синфӣ унсур, майлон барин калимаҳо, ки пештар маънои муайян доштанд, фард ё гурӯҳҳои ба синфҳои азбайнраванда хосро ифода мекардагӣ шуданд ва ин маънои онҳо нисбат ба маънои пештараашон неологизмро ба миён овард.
ЛЕКСИКАИ УМУМИХАЛҚӢ, ШЕВАГӢ ВА СОҲАВИЮ КАСБӢ
Ҳамаи калимаҳои забони тоҷикӣ, қатъи назар аз доираи истеъмоли онҳо, лексикаи забони миллии тоҷикро ташкил медиҳанд. Вале калимаҳо аз ҷиҳати доираи истеъмол аз ҳамдигар тафовут доранд ва гурӯҳҳои махсус бо хусусиятҳои истеъмолиашон ҳам фарқ мекунанд.
Луғати ҳар як забон вобаста ба доираи истеъмол ба лексикаи умумихалқӣ, лексикаи шевагӣ ва лексикаи касбу кор ҷудо мешавад.
Қисми асосӣ ва муҳими захираи луғавии забон аз лексикаи умумихалқӣ иборат аст, ки барои ҳамаи одамони ба ҳамин забон гуфтугӯкунанда фаҳмо буда, аз тарафи онҳо каму беш истеъмол мешавад. Лексикаи умумихалқӣ боигарии асосии забони миллӣ, воситаи мубодилаи афкори ин забон аст, ки тараққию инкишофи минбаъдаи онро низ таъмин менамояд. Доираи лексикаи умумихалқӣ хеле васеъ аст; лексикаи умумихалқӣ калимаҳои ҳамаи ҳиссаҳои нутқро дар бар мегирад; қариб ҳамаи калимаҳои ин гурӯҳ дар истеъмол устуворанд ва дар ҳамаи услубҳои нутқ (услуби илмӣ, бадеӣ, маъмурӣ-идоравӣ ва ғайра) истифода мешаванд. Вале мафҳуми умумихалқиро бо мафҳумҳои умумифаҳмӣ ва умумиистеъмолӣ омехтан дуруст нест. Калимаҳое мавҷуданд, ки ба ягон шева ё соҳаи ҷудогонаи фаъолияти меҳнатии ин ё он гурӯҳ мансуб нестанд ва калимаҳое ҳастанд, ки нисбат ба маълумот ва дараҷаи маданияти одамон камтар истеъмол мешаванд, вале ба лексикаи умумихалқӣ дохиланд. Масалан, калимаҳоеро дучор кардан мумкин аст, ки оммафаҳманд, вале вобаста ба маънии дағал ва номатлубашон аз тарафи ҳама, масалан аз тарафи одамони маданӣ, истеъмол намеёбанд. Аз тарафи дигар, координация, амният барин калимаҳо мавҷуданд, ки на танҳо серистеъмол, балки барои ҳама ба як андоза фаҳмо нестанд. Ин гуна калимаҳо азбаски бо доираи истеъмоли гурӯҳҳои муайян ва ё бо территорияи муайян маҳдуд намешаванд, барои ҳама муштарак ҳисоб

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё