Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Барои ҳамин ҳам дар вақтҳои зарурӣ ин гуна калимаҳо ҳатман ё ба шакли асосии худ истеъмол мешаванд ё ба воситаи тафсири муфассал эзоҳ меёбанд. Масалан, дар шеваҳои ҷануб ва Ёвон калимаҳои ғалтанакбозӣ (як навъ бозии кӯдакон), чӯбтора (хонаи бомаш найпӯш), йом (зарфи махсусе, ки дар он аз ҷурғот равған кашида мешавад); ё дар шеваҳои Мастчоҳ калимаҳои тавл (сандуқи калони чӯбӣ барои нигоҳ доштани ғалла), толпухт (нони дар равған пухташуда), чилопчи (зарфи дастшӯй), далда (санги далда — санги ҳамвор барои майда кардани ғалла), ревич (хӯроке, ки аз орду равған мепазанд), дӯғҷӯма (навъе аз зарфи чӯбин) ва ғайра аз ҳамин қабил диалектизмҳои этнографӣ ба шумор мераванд.

Дар шеваҳо як қатор калимаҳо ба назар мерасанд, ки вобаста ба шароит предмету ҳодисаҳои гуногуни табииро ифода менамоянд. Ин гуна предмету ҳодисаҳо, ки каму беш будани онҳо вобаста ба шароити табиии ҳар як маҳал аст, мумкин аст аз рӯи дараҷаи зуҳрутошон дар забони умумихалқӣ ба воситаи калимаҳои ҷудогона инъикос ёбанд, вале ин гуна предмету ҳодисаҳо вобаста ба шароит имконият пайдо кардаанд, ки нисбат ба забони умумихалқӣ пештар дар забони шеваҳо инъикос ёбанд. Масалан, дар шеваҳои Мастчоҳ калимаҳои ифодакунандаи мафҳумҳои шароити табиии кӯҳистон бештар дида мешавад: бармол — нишебии кӯҳ, бароба, бароз — баландии, нишебии кӯҳ, вазапия — пайраҳа, кӯдаланг — пайраҳаи печутодбори ағбаи кӯҳ, руш — нишебии рости бараҳна ва ғайра. Ин гуна калимаҳои шевагӣ низ ба диалектизмҳои этнографӣ наздиканд.

Ба қатори диалектизмҳо ибораҳои диалектикӣ низ мавҷуданд, ки онҳоро диалектизмҳои фразеологӣ номидан мумкин аст.

  1. Диалектизмҳои фразеологӣ фақат хоси шева мебошанд.
    Масалан, (аз шеваҳои Мастчоҳ): гап хӯрдан — гап гум кардан, ғӯлак задан — чашм сиёҳӣ задан, ошата медиҳам — ба ту нишон медиҳам, ҳавои гургзояк — ҳавои ҳам офтобу ҳам борон, хирс хезондан — бисёр ҷаҳд кардан.

  2. Диалектизмҳои фразеологӣ мумкин аст вариантҳои ибораҳои фразеологияи забони адабӣ бошанд: ақлаш баъди пешин мебиёд; панҷ чилакаша дар даҳон мекунад; дар каллааш пешонӣ не (вай нодон); ду даст почики бинӣ (хушкуҳолӣ) ва ғайра.

Профессионализмҳо. Ҳар як касбу ҳунар, ки хусусияти фаъолияти меҳнатии одамонро муайян мекунад, ба лексикаи хоси худ соҳиб аст. Лексикаи ҳар як касбу ҳунар бештар дар доираи худи ҳамон касбу ҳунар аз тарафи намояндагони он истеъмол мешавад. Воҳидҳои луғавии лексикаи касбу ҳунар мафҳумҳои хоси ҳамин соҳа — номи асбобҳои касбу кор, маҳсул ва процессҳои истеҳсолии онро ифода менамояд.

пешина
аз 457
навбатӣ