Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
дар айни замон бе шарҳу эзоҳ низ нагузоштааст: «Киръё-тахта тахтаест аз пӯлод, ки сӯрохҳои хурду калон дорад. Дар заргарӣ тилло ва нуқраро гудохта ба шакли сим мерезанд ва баъд аз он симро аз сӯрохҳои ҳамон тахта гузаронида, кашида ба шакли матлуб борик мекунанд. Дар заргарӣ ана ҳамин асбобро «киръё» мегӯянд, ё ин ки киръётахта меноманд ва амалиёти борик гардонидани симҳои ғафси тилло ва нуқраро «симкашӣ» мегӯянд» (С. Айнӣ, «Ёддоштҳо», қ. II, саҳ. 240).
Профессионализмҳо ҳамчун калимаҳои махсуси соҳаҳои гуногуни касбу ҳунар бештар дар нутки гуфтугӯии намояндагони ҳамин соҳаҳо истеъмол мегарданд ва як навъ истилоҳи хоси онҳо ба шумор мераванд. Аз ин ҷиҳат лексикаи касбиро терминҳои халқии соҳаҳои касбу ҳунар номидан беҳтар аст.
ТЕРМИН ВА ТЕРМИНОЛОГИЯ
Термин (аз terminus-и лотинӣ — ҳад, ҳудуд) калима ё ибораест, ки мафҳуми муайяни ягон соҳаи илм, техника, маданият ва ё истеҳсолотро ифода менамояд. Терминология (термин ва logos-и юнонӣ — таълимот дар бораи терминҳо) аз маҷмӯаи терминҳо иборат аст.
Термин дар соҳаи худ фақат як маънои муайянро ифода менамояд. Якмаъной (моносемия) хусусияти асосии термин мебошад. Вале ҳодисаҳои дигар низ дида мешаванд. Масалан, як калима, ки дар соҳаи муайян термин аст, мумкин аст дар соҳаи дигари илм, техника ё истеҳсолот бо маънои махсуси ҳамон соҳа низ термин бошад. Масалан, позиция, инверсия, платформа, морфология, пассив, актив, пункт, реакция, сектор барин калимаҳо терминҳои соҳаҳои гуногун шуда метавонанд. Аз тарафи дигар, калимаҳое мавҷуданд, ки танҳо дар маънои ҷудогонаи соҳавии худ терминанд ва дар маънои дигарашон ҳамчун калимаҳои маълум ва муқаррарии забон истеъмол мешаванд. Масалан: Зарф — 1. анҷом барои нигоҳ доштани чизе, 2. фосилаи вақту замон, 3. термини грамматикӣ; Ҷонишин — 1. муовин, 2. термини грамматикӣ; Мол — 1. чизу чора, мулк, сармоя, матоъ, асбоб, 2. термини иқтисодӣ; Сифат — 1. хосият, хусусият, хислат, чигунагӣ, кайфият, 2. термини фалсафӣ, 3. термини грамматикӣ; Мафҳум — 1. фаҳмо, равшан, 2. фаҳмкардашуда, донисташуда, 3. маъно, мазмун, 4. термини мантиқ ва фалсафа.
Аз ин ҷост, ки маънои терминология бисьёр калима-терминҳо берун аз матн зоҳир шуда истад ҳам, маънои терминологии баъзе калимаҳо танҳо дар матн равшан мегардад. Терминҳо ҳамчун ифодакунандаи предмету мафҳумҳои хоси

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё