Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
аз байн меравад, балки он таркибан ҳам ҳамчун ибораи фразеологӣ қимати худро гум мекунад.
Ҷиҳати дигари устувории воҳидҳои фразеологӣ дар он зоҳир мегардад, ки ҷузъҳои (калимаҳои) таркибии онҳо ҷои худро иваз карда наметавонанд, яъне ба инверсия дучор намешаванд.
Дар сурати ҷойивазкунии ҷузъҳо ибораҳои фразеологӣ аксар вақт тамоман вайрон шуда ба ифодаҳои бемантиқи дар забон вуҷуднадошта табдил меёбанд. Гоҳо дар натиҷаи ҷойивазкунии ҷузъҳояшон ибораҳои фразеологӣ ба ибораҳои оддии синтаксисӣ табдил меёбанд. Чунончи, ибораи «рости гап» воҳиди фразеологӣ мебошад, аммо «гапи рост» ибораи оддии синтаксисиро ташкил медиҳад.
Аз ҷиҳати ифодаи семантика воҳиди фразеологӣ ба як калима баробар мешавад, вале фразеологизмҳо баръакси калимаҳои оддӣ на фақат предмет, аломат, амал ва ҳолати онҳо, балки тобишҳои мухталифи эмоционалиро низ дар бар мегиранд. Масалан, ибораҳои «коҳи кӯҳнаро бод додан» (гапи кӯҳнаро ба хотир овардан), «аз касе дил шустан» (умед кандан), «салмаи сақат» (чизи барзиёд) ва монанди инҳо баробари ифодаи мафҳумҳои алоҳида эҳсосоти гуногуни шахси гӯяндаро низ ифода карда метавонанд.
Қисми асосии ибораҳои фразеологӣ образнок ва пуробуранг мебошанд. Масалан, ибораи «кафши касеро пеш гузоштан» (касеро гусел кардан, пеш кардан) ба яке аз одатҳои қадимаи халқи тоҷик (кафши шахси азиз, мӯътабарро вақти гусел ба пеш мондан) асос ёфтааст. Монанди ҳамин дар заминаи ибораҳои «нони касеро нимта кардан» (мансаби касеро зада гирифтан), «сояи касеро аз девор тарошидан» (касеро ниҳоят бад дидан) образҳои гуногуни бадеӣ пайдо шудаанд.
Ҳамин тариқ, воҳидҳои фразеологӣ таркибан рехтаву устувор буда, мундариҷаи яклухти аксар пуробурангро ифода мекунанд. Ду ва зиёда калимаҳои мустақилмаънои ба ҳам марбут, ки семантикаи бутун ва аксар образнокро ифода мекунанд, ибораи фразеологӣ ё воҳиди фразеологӣ номида мешаванд. Воҳидҳои фразеологӣ аз ҷиҳати семантика ба гурӯҳҳо ҷудо шуда наметавонанд. Қисми аз ҳама мӯъҷаз, рехтаву устувор ва пуробуранги воҳидҳои фразеологиро ибораҳои рехтаи фразеологӣ ё идиомаҳо 1 ташкил медиҳанд.
- Ибораҳои рехтаи фразеологӣ. Ибораҳои рехтаи фразеологӣ воҳидҳои устувору тағйирнаёбандаи забон, қисми аз ҳама пуробуранги воҳидҳои фразеологияи тоҷикиро ташкил медиҳанд. Семантикаи ибораҳои рехта аксаран бо маънои калимаҳои онро ташкилдиҳанда мувофиқат намекунанд. Масалан, семантикаи ибораҳои «аз касе дил кандан» (хомӯш шу-
1 Идиома - аз калимаи юнонии idioma ибораи махсус аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё