Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
душвор кардааст. Чунин тарзи тартиби калимаҳо ба шӯҳрат ва интишори васеи он монеъ шудааст, ҳарчанд ки аз тарафи луғатшиносони муосираш ва минбаъд ҳамчун сарчашмаи муҳимтарини лексикографӣ шуморида шудааст.
Дар таълифи «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ» Ҳусайни Инҷу 30 соли умри худро сарф кардааст ва то охири умраш барои таҳрир, ислоҳ ва такмили он кор кардааст.
«Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ» дар Ҳиндустон, дар охири асри гузашта ба воситаи чопи сангӣ нашр гардида буд. Нашри нави он дар Теҳрон соли 1975 таълиф шудааст.
«Бурҳони қотеъ» таълифи Муҳаммад Ҳусайн ибни Ҳалафи Табрезӣ алмутахаллис ба Бурҳон (Ҳиндустон, соли 1652) аст.
Муаллифи ин фарҳанги машҳур дар пеши худ вазифа гузоштааст, ки ҳар чӣ зиёдтар лексикаи забони форсӣ-тоҷикӣ, инчунин калимаҳои аз забонҳои дигар гирифташударо дар он ҷой диҳад. Чӣ хеле ки муаллиф дар муқаддима менависад, ӯ мехостааст, ки «ҷомеи луғоти форсӣ ва паҳлавӣ ва дарӣ ва юнонӣ, ва сурёнӣ ва румӣ ва баъзе аз луғоти арабӣ ва луғоти Жанд ва Пожанд ва луғоти муштарака ва луғоти ғариба ва мутафаррика ва истилоҳоти форсӣ ва истерот ва киноёти ба арабӣ омехта...»-ро фароҳам оварад.
Барои таснифи фарҳанг муаллиф аз мукаммалтарин фарҳангҳои пешина, аз он ҷумла «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ» ва як қатор рисолаҳои соҳавӣ истифода намудааст. Дар «Бурҳони қотеъ» зиёда аз 20 ҳазор калима ва ибора гирд оварда шудааст. Дар ин луғат барои тасдиқи маънии калимаҳо мисолҳо дода намешаванд. Чӣ тавре ки худи муаллиф дар муқаддима менависад, мисолҳо ҳам ҳаҷми фарҳангро хеле калон мекарданд ва ҳам навиштани он хеле тӯл мекашид.
Ҷомеъ ва мукаммал будани ин фарҳанг, лексикаи форсӣ-тоҷикӣ ва терминологияи ғайриарабиро (бо баъзе истисноҳо) дар бар гирифтани он диққати доираи васеи хонандагонро ба худ ҷалб намуд ва хеле машҳур гардонид. Ба шӯҳрат ёфтани «Бурҳони қотеъ» тартиби бисёр осони калимаҳо — аз рӯи алфабити ҳарфҳо, монанди луғатҳои ҳозира, низ ёрӣ расонд. Агарчи «Бурҳони қотеъ» аз ҷиҳати миқдори калимаҳо баробари «Кашф-ул-луғот» бошад ҳам, дар «Кашф-ул-луғот» қариб нисфи моддаҳои луғавиро калима ва терминҳои арабӣ ташкил медиҳанд. Саҳми «Бурҳони қотеъ» дар ҷамъ овардани лексикаи хоси форсӣ-тоҷикии ғайриарабӣ мебошад. Ҳиссаи муҳими материали «Бурҳони қотеъ»-ро ибораҳои фразеологӣ ва идиомаҳо ташкил медиҳанд, ки бештари онҳо бо фразеологияи «Кашф-ул-луғот» баробар меояд. Дар тафсири терминҳои гуногун, махсусан номҳои наботот, дору, моддаҳо, инчунин номи ҳайвонот хизмати муаллифи «Бурҳони қотеъ» бузург аст. Муаллиф кӯшиш кардааст, ки маънои калимаҳоро ба ҳадди имкон аниқу равшан

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё