Зеҳн
Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Сарзамини олами афсонаҳо,
Чун китоби рӯзгоратро кушоям,
Ҳаст тӯфонҳои исёне дар он.
Қаҳрамонҳои далерат ҳамчу Восеъю Муқаннаъ,
Маздаку Темурмалик
Назди ҳар ифриту ҳар яғмогаре сар хам накарданд,
Дар дифои марзу буми сарҳадат—
Марзу буми ору номус
Ҷон супурданд.
Тоҷикистон!
Тоҷикистон!
Пораҳои аз «Абисто»,
Пораҳои ҳар сафоле,
Пораҳои хиштҳои хуфтаат дар хокат
Порае аз нанги аҷдоди ман аст,
Порае аз сӯзу фарёди ман аст.
Тоҷикистон!
Тоҷикистон!
Дар нигини чашми ман чун мардумак бошӣ аён,
Ҳарфҳои ҳастию пояндагият
Дар дили ҳар сатри шеърам
Нақш бандад ҷовидон!
Тоҷикистон!
Тоҷикистон!

Ашки ману борон

Ба чашми обияш борон
Кунад ашки маро пинҳон.

Шеъри ту
(Ба ёди Ҳофизи Шерозӣ)

Шеъри ту шаҳроҳи дунёро гирифт,
Хотири туркони зеборо гирифт.
Ҳар каломат дар сипеҳри шоирӣ
Зӯҳраи дилҷӯи маъноро гирифт.

пешина
аз 118
навбатӣ