Зеҳн
Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Мӯйсафедон!
Зеббахши базмҳою маҳфил онед,
Бо ҷавонон ҳамдил онед.
Гар ба кас дар рӯзгораш мушкил ояд,
Чорасози мушкил онед
Мӯсафедон,
Мӯсафедон!
Мепарастам ман шуморо,
Хоҳам аз ҷон: ё Худоё!
Мӯйсафедони табаррук,
Мӯйсафедони шарафманд
Дур бошанд аз балоҳо!!!

Тоҷикистон

Тоҷикистон!
Тоҷикистон!
Гарчи будам чун хамири хом,
Дар танӯри офтобат
Сӯхтанро дар баҳои пухта гаштан
З-оташи Зардушти ту омӯхтам ман.
Тоҷикистон!
Тоҷикистон!
Ҳар гаҳе гарду ғубори ғусса бар ҷонам нишаст,
Шохборонҳои ту онро зудуд.
То шиносам хешро ман кистам,
По ба назди чашмаи обат ниҳодам,
Чашм бар оинаи обат кушодам.
Тоҷикистон!
Тоҷикистон!
Ҳар даме ки сели дард омад ба девори танам,
Санги дашту кӯҳҳоят,
Талхкоҳи киштҷоят
Пеши роҳашро бибаст,
Шоҳини хушҳолию бахти баланд
Бар сари китфам нишаст.
Тоҷикистон!
Тоҷикистон!

пешина
аз 118
навбатӣ