Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа
Ояд ҳаме
(Назира ба шеъри устод Рӯдакӣ)
Ёди он «тахти равон» ояд ҳаме,
Ёди он давру замон ояд ҳаме.
Кори давлат як су, дар гардиш будам,
Ёди музди ройгон ояд ҳаме.
Базм буду коняку сихи кабоб,
Ёди базми дилситон ояд ҳаме.
Маҳфилоро гашта будам чун чароғ,
Ёди маҳфил бегумон ояд ҳаме.
Хавфи дур гардидан аз ҷоҳу ҷалол
Ёди тири дар камон ояд ҳаме.
Ёди мансаб синаамро карда реш,
Ёди курсӣ ҳамчунон ояд ҳаме.
Мӯрак бошад—е!…
Ин сӯи дарё Соли нав,
Он сӯи дарё Соли нав.
Бар маҳфили «Левакант»
Насиб шавад холи нав.
Соли нав мӯрак бошад-е!
Ин сӯи дарё Соли нав,
Он сӯи дарё Соли нав.
Ғайри мансабталошӣ
Нав нашуд аъмоли нав.
Соли нав мӯрак бошад-е!
Ин сӯи дарё Соли нав,
Он сӯи дарё Соли нав.
Соли дуҳазору ҳафт
Бимонад ашғоли нав.
Соли нав мӯрак бошад-е!
Ин сӯи дарё Соли нав,
Он сӯи дарё Соли нав.
Ҷои хислати нохуб
Бигирад афъоли нав.
Соли нав мӯрак бошад-е!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё