Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа
Шиори тоҷики нав
(Назира ба шеъри устод М. Турсунзода)
То тавонӣ, ҷоҳилонро гум макун,
Худпарасту коҳилонро гум макун.
Оқилону босаводон чӣ касанд,
Қайсару ноқобилонро гум макун.
Нест суд аз хушсиришту хушдилон,
Тирадил, бадниятонро гум макун.
Пирақлон зеби маҳфил нестанд,
Хираақлу каҷравонро гум макун.
Савти булбул модааст аз мӯдҳо,
Лаҳни зоғу каргасонро гум макун.
Маънии одам шуда ҳамёни пул,
Пулбадасту нокасонро гум макун.
Мӯҳмала
Саҳар паранда китоби кабуди об кушод,
Алаф саҳифаи заррини офтоб кушод.
Худойро чӣ кунам, орди абр ифлос аст,
Агарчи элаки бечашм инқилоб кушод.
Ба МЕРСЕДЕС қасам кашфи моҳ пуч шудаст,
Муҳандисона ситора агар сароб кушод.
Пари шакар ба насиҳат лаби қумош макид,
Расули пашм зи тан ҷомаи ҳубоб кушод.
Ба риши дос нигоҳи бурут «ё ҳу» гуфт,
Харе зи ноз кашидан зи рӯ ҳиҷоб кушод.
Барои мӯҳамала гуфтан агарчи зӯрам нест,
Мададрасони ман Озар зи по таноб кушод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё