Зеҳн
Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Иттиҳоди қавм душманро шикаст овардан аст,
Хиштҳо якҷоя бардоранд бори хонаро.


Гарчи барф аз сардҳарфӣ бо ҷаҳон бедод кард,
Ҳарфҳои гарми оташ хотири мо шод кард.


Хонаи занбӯрро монад дили марди сухан,
Аз асал пур кардаанд азбаски ин ғалберро.


Об аз боло чун афтад, кӯҳ пурғавғо кунад,
Ҳар кӣ аз мансаб фарояд, оҳу вовайло кунад.


Бар сахои нокасон дигар чӣ сон бандам умед,
Ғайри ангуштон кафамро пур намесозад касе.


Тез мегардад ба ҷарсанги бало теғи забон,
Сангандозон ба мо лутфу мурувват мекунанд.


Дар танӯри сина пухтам сатрҳои хомро,
Чун хамири норасе шеърам чаро гул мезанад?


Рӯзгори танг моро ҳеҷ ҷое ҷо надод,
Хирачашмиҳои чевар риштаро бехона кард.


Гар дили оина набвад, тира бошад бахти кас,
То нагирад чанг сурат, шишабандаш мекунанд.


Офтоб аз офтобӣ буданаш зебо шавад,
Одам аз одамгарӣ афзуданаш зебо шавад.


Нуқсҳои марди комил аз ҷавон афзунтар аст,
Доғҳои моҳи пурра бештар гардад аён.


Сахт шуд аз зарбаҳои зиндагӣ сутхони ман,
Лой, ки хелида шуд, девор мустаҳкам шавад.

пешина
аз 118
навбатӣ