Зеҳн
Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Чу ғалберат кушодан чашм бояд, то тавон дидан,
Паси гарду ғубори зиндагӣ ризқи ту пинҳон аст.


Гузашта чун ҳубоби рӯи дарё маҳв мегардад,
Ман он мавҷам, ки дарёро равони тоза мебахшам.


Агарчи назди ту моро сияҳ гуфтанд, боке нест,
Аз он шодам, ки ҳамрангам ба чашмони сиёҳи ту.


Назири реша дар олам зи худ бигзашта марде ку,
Ки аз баҳри ҳаёти нахл худро мекунад дар хок.


Ту мепурсӣ, ки чун дарди суханро мекашад шоир,
Забони оташам, печида дар худ меравам боло.


Зи сар бар санг кӯбишҳои дарё панд бигрифтам,
Ки ҳар соҳибдиле дар зиндагӣ саркӯб мегардад.


Лагадкӯб аст зери пои дарё санги вазнине,
Савори мавҷ мебинам ҳубобе, ки сабукбор аст.


Худшиносӣ мекунад рӯшан ҷаҳони мардро,
Ҷавҳари оина рӯшан мекунад оинаро.


Бакси чун дарё фарозу шебҳо паймудаам,
Пои дил дар роҳи ноҳамвор шуд пуробила.


Дар ҷавонӣ хуни ман монанди дарё ҷӯш дошт,
Вақти пирӣ з-он такопӯ монд кафк андар сарам.


Курчаки ёдам гирифта дар шаби танҳоиям
Тоза созам барфи боми кулбаи бобоиям.


Раҳзани чашми сиёҳат мекунад дилро шикор,
Мекунанд, оре, шаби торик дуздон раҳзанӣ.

пешина
аз 118
навбатӣ