Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа
Беш бар боло париданҳо нишони ғафлат аст,
Тир даҳчанде равад боло, ба зарб ояд нишеб.
Ханда бемаврид кардан боиси сад кулфат аст,
Мезанад сармо гули барвақт лаб во кардаро.
Аҳли илму фазлро як такягаҳ бошад зарур,
Нахл чун пурбор бошад, поя бар он мезананд.
То расад бар воя фарзанде, падар заҳмат кашад,
Чун занад тире камон, аз пушт зарбат оядаш.
Гарчи ҳар пайванд аз пайванд мегардад ҷудо,
Ман ки пайвандӣ наям, аз реша кардандам ҷудо.
Кӯтаҳии умри мардони хирад беҳуда нест,
Меваҳои пухта меафтанд зуд аз шохаҳо.
Як сухан беҷо бияфтад, фитна барпо мешавад,
Бод бар оташ бияфтад, шуъла боло мешавад.
Дар биёбони ҳавасҳо то куҷо раҳ мебарам,
Нест ғайри абр дигар соябоне бар сарам.
Бо дили санги туам азбаски кор афтодааст,
Достони ишқи худ дар санг ҳаккокӣ кунам.
Бар арӯси шеър аз маънӣ қабо меофарам,
Чун карам печидааст аз баргҳо шеъри тарам.
Ҳосили пайванди дилҳо ҳаст шаҳди зиндагӣ,
Мева ширин аст, оре, шохаи пайвандро.
Рангу рӯи гандумиам буд, ки рӯзе бештар
Зиндагӣ монанди санги осиё гардам кунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё