Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа
Оташи сӯзи фироқат сӯхт банду банди мо,
Сина шуд охир кабобу дида обаш мезанад.
Ҳар киро болои сар ман ҷой додам мисли тоҷ,
Носипосӣ карду чун тугма гиребонгир шуд.
Лахчаи сӯзон шуд аз ишқи шарарборат дилам,
Дуд карда оқибат як рӯз кӯрат мекунад.
Шамъаму дар базми бедардон бисӯзам то ба рӯз,
Домани хушки маро ашки алам тар мекунад.
Шоире, к-аз шеър гуфтан монд, имдодаш кунанд,
Чашмае, к-аз ҷӯш монад, тоза бунёдаш кунанд.
Кас надонад ҷои худ дар зиндагӣ расво шавад,
Гул агар дар дида афтад, чашм нобино шавад.
Печутоби зиндагӣ дилро тавоне медиҳад,
Риштаи нотофта ҳаргиз надорад қуввате.
Қад кашиданҳо ба боло медиҳад гоҳе фиреб,
Пилта чун боло бисӯзад, шиша мегардад сиёҳ.
Ханда кун, ҷоно, ки аз ҷон дӯстдори хандаам,
То нашуд дар ханда гул, мақбули хушдоре нашуд.
Хостам дар шаҳри Қӯрғон сарпанаҳ пайдо кунам,
Сарпанаҳ ин ҷо ба ҷуз тоқӣ дигар пайдо нашуд.
Содалавҳон сода мегӯянд шеърамро, вале
Сода шеърам аз барои мардумони сода аст.
Гарчи шафқатро надидам дар нигоҳи мардумон,
Гоҳи ғам бар ҳоли зорам мардуми чашмам гирист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё