Зеҳн
Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Аз ғубори зиндагонӣ тира шуд хотир маро,
Мешавад тасвир дар оина аз зангор паст.


Ҳалқа созад дасти худ бар гардани дилдор ёр,
Ҳалқа ман, дуди сигор аз бенигорӣ мекунам.


Дар тарозуи хирад з-он мекашам вазни сухан,
Ман гуҳар аз кони дил бо нӯги мижгон кандаам.


Чашмони нилранги ту чун осмон ба шаб,
Дар осмони чашми ту ман як ситораам.


Аз дидаи адиб куҷо шуд ниҳона чиз,
Ғалбервор чашм зи сар то ба пост ӯ.


Гардун гулӯлажола аз он мезанад, ки мо
Дар сангари хиёнати файзаш нишастаем.


Кардам сафар ба роҳи ҳақиқатпарастҳо,
Аз корвони рафтаи андешаҳо мапурс.


Шояд замини ишқи ту будаст шӯразор,
К-аз донаи умеди дилам майсае наруст.


Таънам чӣ мезанӣ, ки садоят баланд нест,
Дар пардаҳои ашк ниҳон аст сози мо.


Аз оби ғусса хӯрдану ташвиши рӯзгор
Оинаи хаёл чӣ зангорҳо гирифт.


Чун шишаи чароғ манам ҳамнишини нур,
Аз санги дасти зиндагии сахт пораам.


Меҳру шафқат ҷой гирад дар дили нарм,
Дар замини нарм рӯяд дона беҳтар.

пешина
аз 118
навбатӣ