Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа
Модаронро чун гули маҳ тоҷи сар бояд намуд,
Навниҳолон донаро бар фарқи сар бардоштанд.
Нармдил будан калиди ганҷҳои неъмат аст,
Чун замин шудгор бошад, ҳосил афзун мешавад.
Нест бе ёрони ҷонӣ лаззати умри азиз,
Чун бишуд ширу шакар як ҷо, бигирад лаззате.
Аз тиҳимағзон умеди такягаҳ кардан хатост,
Мефитад болори хона, поя гар пӯсидааст.
Панҷа бар мӯи сари худ мезанам бо ёди шеър,
Чоҳ кандан боиси пайдоиши об аст, об.
Хоҳамат бошӣ ба ман пайваст дар роҳи ҳаёт,
То нашуд пайваст ду ноқил, аланга барнахост.
Ҳар касе ки хор медорад забонро, нокас аст,
Тӯтиро аз зоғ қадраш дар сухангӯӣ бувад.
Аз шукуфти чашми бодомии ту кардам гумон:
Бармаҳал гул кард шохи орзуҳои дилам.
Мӯи сар гаштан сафед ин нест аз камқувватӣ,
Кӯҳ то барфаш набошад, нест дарёи дамон.
Нуқси андак беш тобад бар тани соҳибҳунар,
Чун либос озода бошад, тез гирад доғро.
Дӯст бар имдоди ёри хеш бояд ки расад,
Дасти чап гар суст ҷунбад, рост ислоҳаш кунад.
Бе муҳаббат қавмро сарҷамъ кардан мушкил аст,
Дарзае ки бигсалад бандаш, парешон мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё