Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа
ФАРДҲО
Талотумҳои зери баҳрро гирдоб медонад.
Чароғи рӯшанеро боди дайду мекунад хомӯш.
Ғубор аз осмон охир ба рӯи хок меафтад.
Гиряи тифл оғози марг аст.
Лой монад зи оби лойолуд.
Тирагӣ субҳ дар бағал дорад.
Шаби зулмот беҳтар аз сияҳрӯӣ.
Чу гул хандида бояд мурд.
Пӯфаки холӣ ба боло меравад.
Дар ширинӣ мешавад пайдо магас.
Аррае дандон надорад, оҳани бекора аст.
Ман он дудам, ки дорам мужда аз оташ.
Савти ғамолуда дорад пардаи шаб.
Поёни сияҳкории шаб рӯи сиёҳ аст.
Зарбаҳои Кӯҳканро кӯҳ медонад, ки чист.
Шамъ механдад ба ҳоли ашкҳои доманаш.
Нардбони зиндагӣ дорад дусад монеачӯб.
Обро, ки лой бошад, такнишинаш мекунанд.
Чун ду каф якҷоя гардад, мешавад дасти дуо.
Хирачашмиҳои чевар риштаро бехона кард.
Он садафро дӯст дорам, к-андарунаш гавҳар аст.
Баёзи пириам аз шӯрбахтиҳои даврон аст.
Дуд аз оташ ҷудо гардад, вафобегона аст.
Он сиёҳиам, ки сад девону дафтар бо ман аст.
Рақсҳои гарми оташ дегро девона кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё