Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа
Гаҳ дуруштӣ бояд андар рӯзгор,
Ёфт сим аз хорҳояш эътибор.
Бӯсаам сабзид дар гирди лабат,
Ҳамчу сабза дар лаби оби равон.
Бо сари бибрида мегӯям сухан,
Ин ҳунарро аз қалам омӯхтам.
Шуд сари бемағз помоли ҳаво,
Мирадо, чун монд бе равған чароғ.
Сӯхтам баҳри дигарҳо ҳамчу шамъ,
Гиря аз беқадриҳоям мекунам.
Гарчи ман аз зангиён зангитарам,
Ҳамнишини шуълаҳои озарам.
Ҳарфи ваҳдат ҳарфи қилу қол нест,
Ганҷи сармад ғайри Истиқлол нест.
Барнахезад ҳеҷ аз як даст бонг,
Бе ду соҳил об мегардад пареш.
Оҳ, тарсам гандуми рӯи туро
Чашми оташбози ту оташ занад.
Ёрро хондам, нашуд меҳмону лек
Пашшаи нохонда меҳмони ман аст.
Гарчи бошад ханда оби зиндагӣ,
Хандаи гул марги гул будасту бас.
Мазмун аз Сайидои Насафӣ.
Ду лабам дар орзуи бӯсае
Ҳамчунон лӯлӣ гадоӣ мекунад.
Ҳар ситора дар фалак масъуд нест,
Оташи афрӯхта бе дуд нест.
Моҳ имшаб дар ҳисори абрҳо
Саъди Салмон аст дар зиндони Ной.
Дар муҳити тор ҷоҳил сарвар аст,
Соя дар шаб бештар қад мекашад.
Душман ар санге занад, ғам нестам,
Худ, ки сангам, шуълаборон мешавам.
Пунба гарчи аз ҳама болост,
Қадри ӯ дар бодаи миност.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё