Зеҳн
Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Садои шеърҳои Шоҳини Кӯлоб,
Шамими атрҳои шеърҳои Рӯдакию Ҳофизи Шероз
Шавад дар шеъри ту эҳсос.
Кунун аз говгуми пуштаи таърих
Нидои қаҳрамон Темурмалик бар гӯш овардӣ,
Ба эъҷози суханҳоят
Мисоли паҳлавон Восеъ
Ҳазорон марди майдоне бипарвардӣ.
Зи ҳар як сатри зебоят,
Зи ҳар як сатри волоят
Бубинам хоксорию ҷавонмардиву тамкинат,
Дили чун обшорон беғубору равшаноинат.
Самои бекарон шоҳид,
Замини ҷовидон шоҳид.
Ки ҳар пиру ҷавоне шеърҳоятро ба бар карданд,
Ва истиқболи ҷӯшон
Ҳамчу хуршеди саҳар карданд.
Аё устод!
Дар ин рӯзи муборак — зодрӯзи ту
Бихоҳам ҳамчу кӯҳи Хоҷамӯъминам
Бузургию сари болою ҳам ганҷи фаровонат,
Фарохиҳои армонат!!!

Пастмартаба

Паст бошад қимати дуд,
З-он ки аз модар—
Зи оташ
Хешро боло гирифт.

Тугма

Кист, гӯяд:
Тугма беқадр аст.
Ҳаст андар тугмаҳои парлумон
Қисмати халқ.

пешина
аз 118
навбатӣ