Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа
Хусни адаб
Бояд омӯхт зи дар ҳусни адаб,
Бе зарурат нашавад во ҳаргиз.
Дузд
Хонаро аз пули дуздӣ сохтанд,
Эй саг!
Дуздро не,
Аз чӣ моро мегазӣ?!
Азодор
Чанд тифли кавкабаш мурд,
Ҳамчу модар
Шаб сияҳпӯшу азодор аст.
Ба ҳашар!
То намонад зери по
Ганҷи бо ҷон парварида
Пахтаи мо,
Эй ҳама мардони бонанги диёр,
Пиру барнои баор!
Ба ҳашар,
Ба ҳашар!
Марди деҳқон ҳамчу тифлаш
Парварида ҳар ниҳолаш.
Ҳар ниҳолаш қад кашиду бор овард
Мисли бахти безаволаш.
Лек барфи бемаҳал
Кори деҳқон кард душвор.
Пахтаи ӯ интизори чидан аст,
Интизор андар раҳи чинакчиёни зарбдор.
Пахта нони мардуми мост,
Қадри он аз ҳарчи болост.
Аз замин ӯро гирифтан
Қарзи ҳар як фарди доност.
З-ин сабаб ҳам аз барои чидани ҳар ғозаи он
Пахтакорон,
Ба ҳашар,
Ба ҳашар!
Тафовут
Ғалбер, ки сад чашм кушодаст аз худ,
Дар мехи баланди хона овезон аст.
Сӯзан, ки назар ҳамекунад аз як чашм,
Танпӯши касон асту худаш урён аст.
Нардбон
Зиндагӣ чун нардбон аст,
Гар қадам беҷо гузорӣ, гарданатро бишканӣ.
Шим
Сад ҷайб дорад,
Як айб дорад.
Айбаш чунин аст—
Мӯҳтоҷи тин аст.
Дос
Аду бо қомати чангаш
Ҳамон досест,
К-аҷал орад ба фарқи буттаю гулҳои мақсудам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё