Зеҳн
Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ғурури шикаста

Тозанахли ориёиям,
Лек имрӯз
Селаи зоғи муҳоҷир
Кард чиркин шохаҳоямро.

Исмоили Сомонӣ

То ман бошам, бораи
Бухоро ман бошам.
Исмоили Сомонӣ.

Девори Бухоро буд Исмоили Сомонӣ,
Фонуси мадоро буд Исмоили Сомонӣ.
Бардошта мардона шамшери адолатро,
Сарпӯшаи хоро буд Исмоили Сомонӣ.

Яғмогари бегона аз ҳайбати ӯ тарсон,
Саҳрошини кӯчида аз ҳамлаи ӯ ларзон.
Сандуқи суханҳояш пур аз гуҳари маънӣ,
Бар тахти зарандудаш буд шоҳи шаҳаншоҳон.

Гармии дили худро бар халқи азизаш дод,
Ҳам дасти мурувватро бар фарқи ятим бинҳод.
Монандаи шеде, ки бикшод дари субҳаш,
Қуфли дари шаҳкорӣ бар тоҷварон бикшод.

Кафшер барин пайваст аз меҳр ба авлодаш,
Як марди фидоӣ буд бар миллати озодаш.
Бар кишвари аҷдодаш чун пушту паноҳе буд,
Арбоби ҳунар мешуд ҳар як пайи эҷодаш.

Шаҳкосаи даврашро дар даст нигаҳбон буд,
Бо давлати пурзӯраш аз нутфаи Сомон буд.
Мардуду хиёнатгар мекард фирор аз ӯ,
Бо гурзи гаронвазнаш чун Рустами Дастон буд.

пешина
аз 118
навбатӣ