Зеҳн
Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Мезад хати батлонаш бар ҷабру дилозорӣ,
Мезад хати батлонаш бар хирсу тамаъдорӣ.
Мезад хати батлонаш бар сактаи оинҳо,
Мезад хати батлонаш бар макру риёкорӣ.

Сад шукр, ки шуд эхё он давлату Сомонаш,
Сад шукр, ки шуд эҳё он минбару девонаш.
Сад шукр, ки зад шӯъла он шамъи муросоӣ,
Сад шукр, ки шуд эҳё он қиссаю дастонаш.

Девори Бухоро буд Исмоили Сомонӣ,
Фонуси мадоро буд Исмоили Сомонӣ.
Бардошта мардона шамшери адолатро,
Сарпӯшаи хоро буд Исмоили Сомонӣ.

Қасд

Мезанад раъд,
Меҷаҳад барқ
Чун садои Рустаму шамшери хунолудааш.
Қасди ҷони кист дар ӯ,
Балки Сӯҳроб?!...

Ай Худо!

Мевазад боди зимистон, Мезанад борону борон.
Лонае чун чашми гирён.
Ай Худо!
Бозгардон аз ғарибӣ Соҳиби ин ошёни зору ҳайрон.
12.01.1995.

Шубҳа

Қалам бар даст мегирам,
Ки рӯзе дасти ман гирад.
Худовандо, набигзорӣ,
Ки рӯзе ҳамчу тифли нохалаф гирад гиребонам.

Панҷаи овоз
(Ба Ҳунарманди Мардумии Тоҷикистон
Озодамоҳ Мӯҳтарамова)

Борони сурур ояд
Бар майсаи армонҳо,
Сад фол чи бикшояд,
Як шеваи Озода.

Ҷону дили моро бурд
Бар мулки саодатҳо,
Шамшери қалам биспурд,
Як шеваи Озода.

Бо панҷаи овозаш
Болу пари ғам барканд,
Бикшод дари розаш,
Як шеваи Озода.

Чун домани Наврӯз аст,
Гулрез саропояш,
Хушдилгару дилсӯз аст,
Як шеваи Озода.

пешина
аз 118
навбатӣ