Зеҳн
Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Абрҳои ашк дар чашм,
Абрҳои Тоҷикистон.

Модари аз ғусса нолон,
Аз ғами фарзанд қурбон.
Абрҳои ашк дар чашм,
Абрҳои Тоҷикистон.
15.11.1996.

Гулшеър

Шаҳри Душанбе
Гулрӯй шаҳр аст.
Шаҳри Душанбе
Гулбӯй шаҳр аст.

Варзобрӯдаш
Гулоб дорад.
Гулдухтари ӯ
Гулхоб дорад.

Гулрӯзгораш
Гулқанд дорад.
Гултифлаки ӯ
Гулханд дорад.

Дар гулшабонаш
Гули ситора.
Дар гулчароғаш
Гули шарора.

Шаҳри Душанбе
Гул-гул шукуфон.
Хома кунад гул
Дар сифати он.

Пахта

Пахтаро монанд бо ҳар чӣ кунанд,
Дар сифоташ оҷизӣ дорад сухан.
Пахта рамзи серию шодии мост,
Пахта бошад қуввае бар ҷону тан.

Дар нумӯяш ранҷҳо бояд кашид,
Ҳамчу тифле парвариш ӯро кунанд.
Шӯра баста пуштҳо гардад сафед,
То сафедии варо пайдо кунанд.

Ҳар қадар ки қад ниҳолонаш кашад,
Қадри деҳқон боз болотар шавад.
Хирманаш пурбор гардад ҳар қадар,
Табъи деҳқон боз волотар шавад.

Орзуи марди деҳқони асил
Дар даруни кӯракаш бинҳуфтааст.
Ҳар гаҳе бар пахтазораш бингарӣ,
Ғӯза нею бахти ӯ бишкуфтааст.

Сарбоз

Дар хаёлаш мисли дуду оташ аст,
Пораҳои абру барқи осмон.
Ёд орад чун шабони тираро,
Мешавад ҳастии ӯ пур аз фиғон.

То кунун дар хоби дардолудааш
Бигзарад аз байни сели тирҳо.
Хамчу марзи ҷанг хезад аз танаш
Нолаҳои дур аз тасвирҳо…

пешина
аз 118
навбатӣ