Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа
Кӯлоб
Кӯлоб бузург аст ба мардони замонаш,
Холӣ набувад ҳеҷ гаҳе суфраи нонаш.
Кӯлоб шикасте ба ягон давр наёбад,
То буду даме ҳаст Алии Ҳамадонаш.
Ҷангзада
Тоҷикистон!
Тоҷикистон, хоки ту як умр чун майдони ҷанг аст.
Лаъли ту худ санг нест,
Балки лаъли хуни мардони бананг аст.
24.11.1999.
Қасам
Риштаи умри маро бигзор тобад зиндагӣ,
Аз пулушки сӯзани айём мон, ки бигзарам,
То бидӯзам чокҳои синаатро, қавми ман.
16.12.1992.
Савтҳои Роғун
Соҳибоина
Соҳиби оина шуд Роғун,
Халқ дар оинаи обаш
Бахти худ мебинад акнун.
Роғун
Ҳаст Роғун ҳамчунон як косаи шаҳд,
Марги худро ҷуста,
Хармагасҳо
Сахт бар он ҳамла доранд.
Мушт
Суғду Помир,
Рашту Қӯрғон.
Ҳамчунин Кӯлоб—
Гашт як ҷо панҷ ангушт.
Нест Роғунро дигар бим,
Бар даҳони бедаҳанҳо мезанам мушт.
Эҷод
Рӯҳи Зардушт
То бигардад шод,
Оташи ӯро ба Роғун
Мекунем эҷод.
Соҳибамал
Гарчи душман мекунад бад,
Оташафрӯзии тоҷик аз азал бошад.
Мешавад тавлид оташ дар кафи мо,
Ин нишони мардуми соҳибамал бошад.
Чаҳор ойин
Деҳ Роғунро баҳо,
Дорӣ ар виҷдон.
Ёфт таркиб аз чаҳор ойин:
Қаҳрамонию далерӣ, аҳду паймон.
Офтоби Оли Раҳмон
Нест бепушту панаҳ Роғун,
Ҳаст ӯро пуштибон.
Дар фазои беғубораш
Яккатозӣ мекунад чун офтобе
Оли Раҳмон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё