Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа
З…….о, шароби ноб бошӣ,
Чароғи маҳфили аҳбоб бошӣ.
Набошад бе ту хобе дар ду чашмам,
Маро ноёбтар аз хоб бошӣ.
З…….о, маҳи гардун ту бошӣ,
Зи ҳадди васфи ман берун ту бошӣ.
Чу ҳомунам, чу ҳомунам, чу ҳомун,
Баҳори сабзи ин ҳомун ту бошӣ.
З…….о, ниҳоли навбари ман,
Шароби арғувони соғари ман.
Агар бо доғи ишқи ту бимирам,
Бирӯяд лола дар хокистари ман.
З…….о, туӣ дарёву рӯдам,
З…….о, туӣ шеъру сурудам.
Чу буддоӣ, ки буддо мепарастад,
Ба пои ту ҳамерезад суҷудам.
З…….о, ҳама дардам ту бошӣ,
Шарори синаи сардам ту бошӣ.
Диламро чун баёзе боз карда
Бидидам, мисраи фардам ту бошӣ.
З…….о, нигори маҳваши ман,
Зулолу тозаи ман, беғаши ман.
Агар дилро бурун орам зи сина,
Ҷаҳонеро бисӯзад оташи ман.
З…….о, дилафгорам ту кардӣ,
Ба шодию ба ғам ёрам ту кардӣ.
Куҷо бе ту маро тоби сухан буд,
Бале, побанди ашъорам ту кардӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё