Зеҳн
Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

З…….о, алифбоям ту бошӣ,
Ҷаҳони шӯру савдоям ту бошӣ.
Чу оби мурдаам, эй ёр, бе ту,
Раҳоӣ сӯи дарёям ту бошӣ.

З…….о, санавбар қомати ту,
Беҳ аз сад нахли навбар қомати ту.
Баланд асту баланд асту баланд аст
Чу гуфтори паямбар қомати ту.

З…….о, гули истораи ман,
Гапи пор аст қалби пораи ман.
Ду чашмам чор гашта дар раҳи ту,
Намесозӣ валекин чораи ман.

З…….о, маро аз ғам раҳо кун,
Ғамамро бо нигоҳи худ баҳо кун.
Давои ман балои ишқ бошад,
Гирифтори балоям кун, даво кун.

З…….о, зари ошиқ ту бошӣ,
Чу тоҷе бар сари ошиқ ту бошӣ.
Ба ғайри ту дигар ёре надорад,
Ки дар чашми тари ошиқ ту бошӣ.

З…….о, лабат олучаи тар,
Зи Лайливу зи Ширинӣ ту беҳтар.
Туро ман дӯст дорам аз худам беш,
Намесозӣ маро, афсӯс, бовар.

З…….о, З…….о, З…….,
Бувад ишқат бароям файзи наврӯз.
Агар як шаб набошӣ дар бари ман,
Дилам девона гардад аз табу сӯз.

пешина
аз 118
навбатӣ