Зеҳн
Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

З…….о, ду чашмат тарҷумон аст,
Нигоҳат қосиди равшанбаён аст.
Зи гулбоғи висолат гул бичинам,
Ҳуруфи лутфи ту сад достон аст.

З…….о, З…….о, З…….,
Туӣ хуршеду моҳи оламафрӯз.
Ҷаҳон гаштам, вале мислат надидам
Нигори меҳрубону ёри дилсӯз.

З…….о, ҷамолат моҳу ахтар,
Зи ҷамъи дилбарон ҳастӣ ту беҳтар.
Туӣ дар синаи тангам, зи мижгон
Мазан бар ҷойгоҳи хеш ханҷар.

З…….о, туӣ мурғе ба бомам,
Намегардӣ валекин ҳеҷ ромам.
Ҳама эҷоди ман охир сар омад,
Туӣ танҳо, ту шеъри нотамомам.

З…….о, ба чашми ман ҷавонӣ,
Ба нармӣ нармтар аз парниёнӣ.
Миёни даштҳои орзуям
Чу лола менамоӣ арғувонӣ.

З…….о, чу шеъри тозаӣ ту,
Миёни аҳли дил овозаӣ ту.
Ба ҳусни ту нигоҳи ман ҳамегуфт:
Надорад ҳеҷ кас андозаи ту.

З…….о, ба қимат бебаҳоӣ,
Бароям дастнорас чун самоӣ.
Зи дастат додаму аммо азизӣ
Бароям чун замини ориёӣ.

пешина
аз 118
навбатӣ