Зеҳн
Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дар баёзи умр ин ишқи нахуст
Ҳарфи тоза, шеъри нобе будааст.

Тағову теға

—Гар надорӣ
Ту тағо дар зиндагӣ,
Фарқ набвад
Байни туву теғаи кӯҳ,—
Гуфт як марде ба андӯҳ.

Нахли дуо

Решае, ки
Мешавад бе хок сабз,
Решаи нахли дуои модар аст.

Бози субҳ

Зоғи сияҳ шаб аст,
Боз аст, боз субҳ.
Дар панҷаҳои боз шавад болканда зоғ.

Бовар

Бар дурустии ҳамон шеъре кунам бовар,
Корбандӣ мекунад Озар.

Акс

Силмарг аст
Шоҳин аз аҷри мудаввом.
Силмаргам ман
Зи беқадрии айём.

Авф

Ҳамчунон марди гунаҳкор
Буд шаб дар чоҳи зиндон.
Баъди ҳашту чор соат авфи ӯ карданд.

Берӯзӣ

Он қадар берӯзиам, ки
Дӯст он сӯ,
Нест душман ҳам маро.

Қиёс

Дар қиёси шаб
Субҳ волост.
Мекунад тавлид як ахтар, вале
Оламе ғарқи зиёст.

Дӯзанда

Ҳар либосеро, ки дӯзанд,
Пораҳояш мешавад ҷамъ.
Лек ҳарчанд
Чашм дӯзам бар матои ҳусни ту,
Мешавад андешаҳои ман парешон.

Се лаҳза

Тифл будам, медавидам аз қафои шаҳпаракҳо,
Дар ҷавонӣ аз қафои дилбарон.
Сад дареғо, ин замон
Пирӣ аз пушти ману ман
Медавам аз пушти нон.

пешина
аз 118
навбатӣ