Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа
Каҳкашон
Аз ғами бекаҳии каҳдонам
Чашм бар Каҳкашон ҳамедӯзам.
Тангбин
Тангчашмони ин ҷаҳон дидам,
Ҳама чиро фарох мебинанд.
Лек мо бо фарохчашмиҳо
Тангбин мардумони дунёем.
Ҳамсафар
Аз дӯст мапурс,
Ҷуз роҳ маро ҳамсафаре нест дигар.
Ғижжак
(Ба мутриб Абдусалом Раҳимов)
Аз навои ранг-ранги ғижжаки ту
Мерасад овои аҷдодони тоҷик,
Мерасад дарду ғаму шодии бепоёни тоҷик.
Мешавам об,
Мешавам сар то ба по об аз навозишҳои ту,
Борбад гӯӣ навозиш мекунад,
Рӯҳи поки рафтагонашро ниёиш мекунад.
Бо садои ғижжаки ту
Пеши чашмон
Дар ҳавои рақси печон
Мешавад пайдо
Фитна бо нозу хиромон.
Ҳар куҷое ки равонӣ,
Рӯи дастат ғижжаки туст.
Шукри он дорӣ, ки танҳо нестӣ,
Чун гуҳарҷӯе зи қаъри баҳри таърих
Рӯи дастон
Шоду хандон
Ҷои ғижжак гӯиё бардошта аҷдодро
Мебарӣ то дури дур.
Раҳпоӣ
То хори мижжаҳоят
Бар пои дил халида.
Чун нола мурғи илҳом
Аз ошён рамида.
Дар боргоҳи васлат
Дарвеши порсоям.
Аз наштари ҷафоят
Ҳаргиз ба худ наоям.
Чун ғунчае ба ёдат
Шаб то саҳар нахуфтам.
То субҳи рӯт дидам,
Бо чашми тар шукуфтам.
Дар хирмани хаёлам
Ҷуз донаи ғаме нест.
Дорам ғами ту дар дил,
Ин ғам ғами каме нест.
Тирадил
То саҳар фонуси маҳ сӯхт,
Ғори тира тирадил буд, тирадил монд.
Сияҳсобун
Чун сияҳсобун сияҳрангам, вале
Зиндагӣ кафки сафедам додааст.
Дар диёри шаб ба дунё омадам
Қисматам субҳи умедам додааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё