Зеҳн
Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Намак аз суфраи сангаш чашида,
Ман аз овони тифлӣ қад кашидам.
Агарчи лаззати дунёст дар вай,
Вале аз лаззаташ серӣ надидам.

Чу пири Хоҷамӯъмин ҳаст пирам,
Дуояшро ҳамебояд бигирам.
Ба рӯи пои ӯ гаштам таваллуд,
Ба рӯи пои ӯ хоҳам бимирам.

Мағлуб

Ҷавонӣ дастболо шуд,
Ва чун мағлуб пирӣ парчами испедро бардошт.

Ғурур

Гарчи оташ то баландиҳо
Мебарорад сар.
Дуд мегӯяд:
Ҳосили ӯ ҳаст хокистар.

Шамъ

Ҳамчу Восеъ
Бар алайҳи тирагӣ
Машъали пайкор афрӯхтаст ӯ.

Даъват

Мушро не,
Балки мушакро бибояд кард қир.

Панд

Чашми пандомӯз бикшо:
Бо ду по моро қад аз хоки сияҳ боло нашуд,
Нахл бо як пой сӯи осмон қад мекашад.

Нақд

Шеъри сапед гӯ,
«Имрӯз қадри нуктаи мавзун намондааст».

Гиряи санг

Сангҳо низ гиряе доранд,
Номи ин гиря чашмасорон аст.

Баргҳои орзу

Баргҳои орзуям
Чун хазони зери поянд.
Ҳар қадар рӯбанд,
Боз месабзанду мерезанд…

Парвози гиряхез

Набошад боли парвозат,
Напар чун чашм, бар хас мешавӣ мӯҳтоҷ.

Шикастан

Гарчи бишкастан набошад хуб, лек
Орзую ормонро бишканам.

пешина
аз 118
навбатӣ