Зеҳн
Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Беҳтарин даст

Беҳтарин
Дар байни дастон
Дасти имдоду сахост.

Барқ

Оташи ӯ
Хушку тар пайваста месӯзад.
Нест раҳме дар ниҳоди
Барқи оташбоз.

Андоз

Аз намак андоз настонед,
Бар кӣ лозим аст шӯрандоз?!

Савдои шикаста

Сари савдову савдои сарам бишкаст,
Аз ин бишкастаҳо бишкаст бозори ҳавасҳоям.

Бевафо

Гарчи андар вақти танҳоӣ
Соя бо ман буд,
Бевафо дар нимаи раҳ — нимаи рӯз
Монд танҳоям.

Ҷомаи шеър

Гарчи дар бар
Ман надорам ҷомаи нав, айб нест,
З-он ки бар тан
Ҷомае аз шеъри нав пӯшидаам.

Чашма

Сангқалбам,
Сангҷонам.
Чашмае аз Хутталонам.
Ки таровад аз дили ман
Ҳарф-ҳарфи шеърҳоям
Ҳамчунон об
Қатра-қатра
Беғашу поку мусаффо,
Беғашу поку мусанно.

Вожаи шабнам

Ба лутфи обияш борон
Баёзи синаамро пур кунад аз вожаи шабнам.

Фидоӣ

Рӯшноиҳост илм,
Ман чу як парвонаи ранҷу балокаш,
Дар суроғи рӯшноӣ,
Медиҳам ҷонро бар оташ.

Парчами таслим

Дар кафан печиданат чист?—
Меравӣ сӯи Худо бо парчами таслим.

Ифтихор

Ҳар қадар хӯрдам намак аз Хоҷамӯъмин,
Шукр кардам:
Шӯрапуштиҳо накардам…

пешина
аз 118
навбатӣ