Зеҳн
Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Нуқтаи умр

Нуқтае, к-аз пайи асо монад,
Нуқтаи умри пири фартут аст.

Гила

Тоҷикистон!
Садқаи кӯҳи баланди сар ба дӯши осмонат,
Лек гоҳо мешавам маҳзун,
К-аз баландиҳои кӯҳат шуд баланд
Нархи нонат.

Бодаи ваҳдат

То ки бошад рӯятон сурх,
Бодаи ваҳдат бинӯшед!

Тардоман

Аз домани пок нест ҳосил,
Тардоман бош, то шавӣ сабз.

Хунук

Дар зимистон хонаву дар ҳаст гарчанде хунук,
Оғуши гарми ту ҳам моро намуд охир хунук.

Карам

Карам чун каллаи аммомадори ҷоҳилон бошад,
К-агар бозаш кунӣ, чизе наёбӣ андаруни ӯ.

Арзонӣ

Он чӣ баҳрам муфту арзон аст,
Сардии фасли зимистон аст.

Сияҳнавис

Сияҳнависи Худоям,
Ва нури марди банури Худост нусхаи ман.

Бори оҳ

Нест боре гарон дар ин дунё
Ба ҷуз он бори оҳ, ки дард аст.
Ман ҳама умр мекашам ин бор,
Ҳар кӣ ин бор мекашад, мард аст.

Барқ

Барқ айёми баҳорон
Гашт арзон.
Боварат н-ояд, нигар бар осмон.

Ошиқ

Чун чароғе ба лашкари нурам
Деви шабро асир мегирам.
Ошиқи субҳаму ғамам з-он аст:
Субҳ чун даррасад, ҳамемирам.

Ҳароратсанҷ

Ҳароратсанҷ ҳам имсол аз гармо
Мисоли нархи бозорӣ
Пайи ҳам меравад боло.

пешина
аз 118
навбатӣ