Зеҳн
Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Саҷда созам хоки поят, пахтакор,
Чунки ҳастӣ баҳри мо ризқофарин.
Садқаи он дасти шахшӯлат шавам,
З-он биёяд накҳату бӯи замин.

Тифли шеър

Ҳар қадар мепарварам, аммо
Тифли шеърам мезанад почак,
Мекунад фарёд:
Шеваи ту фоилоту фоилотун аст,
Шеваву таҳрирҳои Озарам бод.

Гумкарда

Бо сари хам
Он чӣ меҷӯям раҳораҳ,
Мисраи гумкарда бошад.

Яъс

Дар сарам барфи сафед аст,
Навбаҳоре нест аммо аз паси ин барф.

Ишқбемор

Гарчи бе даъват
Кас намемонад ба ҷое по,
Лек бе даъват биё бар хонаам, ёр,
Ишқбеморам.

Оташи Зардушт

Реша дорад дар замири санг,
Ҷовидон аст оташи Зардушт.

Дасти дуо

Нахлҳо дасти дуо бардоштанд:
Ай Худо, анбони лутфатро кушо,
Роҳи моро, к-аз зимистон то баҳорон мебарад,
Аз сиёҳӣ пок гардон.
Барф борид,
Ҷодаҳо испед гаштанд.

Қирони Қорун

Сер то аз пахта гардад дидаи носери сарватманди тоҷик,
Пахта меборад зи гардун.
Зери барфи пахта хохад мурд
Пахтахори мо чу Қорун.

Ханда

Гарчи бошад ханда оби зиндагӣ, аммо
Хандаи гул ҳаст марги гул.

Фаввора

Ҳарчанд ки зуҳри гарми тобистон аст,
Фаввораи шеър аз сарам резон аст.

Дилҷӯӣ

Гуворо мешавад умрат
Зи дилҷӯиву дилбандӣ.
Мисоли бӯса ширин аст
Самар аз нахли пайвандӣ.

пешина
аз 118
навбатӣ