Зеҳн
Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Парда

Лутф бар ман бикун, Худовандо,
Ҳеҷ дар пардаат маёзорам.
З-он ки бо парда омадам бар даҳр,
Лек бе парда ҳарфҳо дорам.

Хира

Эй сафедори баланд, эй ёр,
Гарчи аз ман мегурезӣ то ба афлок,
Дасти худ бар гарданат хоҳӣ-нахоҳӣ,
Ҳалқа хоҳам кард чун ток.

Шоми барфӣ

Шоми барфӣ
Ҳамчу зангиест бо пероҳани испед.

Ангури чашм

Ҳаст ангуре, ки май ногаштаву з-ӯ
Метавон нӯшид танҳо бо нигоҳ.
Шишаи сад айш дорад
Чашмангури сиёҳ.

Огоҳӣ

Эй ки мегӯӣ маро дуди сиёҳ,
Бош огоҳ!
Он сиёҳиам, ки вақти хоб зерат мекунам.

Маска

Субҳ шир аст,
Маскаи зард аст андар хумби пур аз шир хуршед.

Ниёз

Чун канори ёри бемеҳре
Сард оғӯши зимистон аст.
Баст ях дарёи эҷодам,
Тифли шеърам лолу ҳайрон аст.

Чун бухорӣ, ки намояд дуд,
Дуди оҳам бар фалак печад.
Гирдбод аз барфабрешим
Ҳамчу момам ришта мерасад.

Аз дарам ҷои нигори шеър
Пирзоли барф меояд.
Табъи ман нозост ин соат,
Сӯҳбате бо Озарам бояд.

Дурӯ

Соҳиби иззат аст дурӯя,
Гарчи тухми вафову меҳр накошт.
Бар сари дастҳо бигирад ҷо
Он ки ду рӯй ҳамчу доира дошт.

Афсӯс

Чун ақраба ҳарчанд давидем,
Афсӯс ки бар манзили матлаб нарасидем.

Зардуштӣ

Дар баҳои ҷон
Мехарад оташ.
Аз азал
Парвона зардуштист.

пешина
аз 118
навбатӣ