Зеҳн
Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Худованди ҷаҳони шеър Мирзост,
Ҳуруфаш ахтари гардуни маъност.
Гаҳе ӯ қосиди сулҳи ҷаҳон аст,
Гаҳе ошуфтаи дилдори зебост.

Ба роҳи сулҳу ваҳдат ҷонфишон аст,
Сафои рӯзгори мардумон аст.
Ба ҳар ҷо ҷангҷӯро карда расво,
Ба дунё чун ҳақиқат ҷовидон аст.

Нигини чаллаи назми замон аст,
Миёни шоирон оташзабон аст.
Суруди сулҳро хонда ба олам,
Ба дасти сулҳхоҳон чун камон аст.

Чароғи хира

Чун чароғи хира месӯзам,
Тангчашмон
Об андар равғанам омехтанд,

Биҳиштӣ

Ман мусалмонам,
Партавам дар парчами ислом афтодаст.

Сӯхтадимоғ

Чун қадам бигзошт борон бар замин,
Дид мардумро асири буғзу кин.
З-ин димогаш сӯхт,
Аз мо рафт,
Шуд бухору бар само рафт.

Парвона

Ман он шамъам,
Ки гирдам дуди танбокуст парвона.

Сабзина

Сабзҳуснам,
Чор фасли умр якрангам.
Ман баҳори ҷовидонам.

Соҳибхона

Гарчи дар Қӯрғон надорам хонае,
Нестам ғамгину зор.
З-он ки дорам хона дар қалби нигор.

Мӯсафедон

Бо шумо, эй мӯйсафедон,
Бо шумо, эй ҳамзамонон!
Зиндаам ман,
Зиндаам ман,
Бо лаби пурхандаам ман.
Саллаи испед дар сар,
Куртаи испед дар бар.
Мӯй испед,
Рӯй нуронӣ
Ҳамчунон хуршеди ховар
Мӯйсафедон,
Мӯйсафедон!
Дидаам, ки:
Деҳа ранге бе шумо асло надорад,
Зиннати дунё надорад.
Қимати панду насиҳатҳоятонро
Баркаше тилло надорад,
Мӯйсафедон,

пешина
аз 118
навбатӣ