Зеҳн
Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Тирамоҳи умр
(Ба ёди додарам Раҷабалӣ)

Ҳамчу ҷинбод, ки ба талвоса
Дар лаби ғор мезанад раҳгум.
Аз ғаму ғуссаат дилам хун аст,
Гираҳи корро намудам гум.

Чашмҳоям чу ахтарон бедор,
Тори завқу сурури ман ноҷӯр.
Ба умеде ки аз дарам оӣ,
Нақши пои туро накардам кӯр.

Тирамоҳ асту рангҳои зард,
Он чӣ сарсабз буд, барбод аст.
Зери по баргҳои пажмурда
Аз хазонии умри ту ёд аст.

Зану фарзандҳот ошуфта,
Дару деворҳои ту нолон.
Он чароғам, ки шишаам бишкаст,
Дуди оҳам хазид бар долон.
12.11.1997.

Назири беназир
/Дар ёдбуди Назирмадов Назир)

Назирӣ ту, назират ҳаст дар дорулбақо, аммо Назири ҷон, назират нест дар дорулфано, афсӯс.
15.12.2010.

Марҷони ашк
(Аз забони момои Бибӣ дар вафоти писари
ҷавонмаргаш Азиз)

Гарчи ҷон бар одамӣ бошад азиз,
Буд азиз аз ҷавҳари ҷонам Азиз.
Ҳар даме дар риштаи фикру хаёл
Мекунам марҷони ашкамро қатор.
Дар азояш шоми мотампӯш ман,
Мекашам бори ғамаш бар дӯш ман.
Мешавам баҳри Азиз обу адо,
Чун найи холӣ кунам фарёдҳо.
Баски бошад ёди васлаш чун саҳоб,
Косаи чашмам пур аз об аст, об.
Канда шуд хиште зи девори дилам,
Кушта шуд шамъе зи бурҷи маҳфилам.
Мурғи хоб аз хонаи чашмам гурехт,
Элаки тақдир хокамро бибехт.
Бе ту ҳастам бесару бепо, Азиз,
Во Азизам, во Азизам, во Азиз.
8.12.1999.

пешина
аз 118
навбатӣ