Зеҳн
Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Лолаи пушти мазор
(Навҳаи модар дар марги ҷигарбандаш Эраҷ)

Шуълае бар чашми ман буд Эраҷам, аз дида рафт,
Аз гулистони муродаш як гуле ночида рафт.
Тахти шоҳиро ба ёри хушдилаш нодида рафт,
Селборонҳо барин як рехту шорида рафт.

Дар намуди бел аҷал ӯро гиребонгир шуд,
Нахли умри кӯтаҳаш андар ҷавонӣ пир шуд.
Печутоби зинлагӣ дар гарданаш занҷир шуд,
Қомати ман шуд камону баччаи ман тир шуд.

Модари шабзиндадоре дар фироқи Эраҷам,
Навҳаи обичадоре дар фироқи Эраҷам.
Узви берӯҳу мадоре дар фироқи Эраҷам,
Лолаи пушти мазоре дар фироқи Эраҷам.
3.04.2002.

Дод аз дасти аҷал
(Дар марги писарам Солеҳҷон)

Хез аз хобат, писарҷонам, бихез аз хоб, хез,
Дар замини умр райҳонам, бихез аз хоб, хез.
Н-оядат раҳме ба чашмони тарам, эй нозанин,
Эй табиби дарди ҳиҷронам, бихез аз хоб, хез.

Шиддати нерӯи барқ аз ҷавшани ҷонат гузашт,
Норасида меваи уммеду армонат гузашт.
Чӯҷаи навбол будӣ, рӯбаҳи маргат рабуд,
Печиши дарду ғамам аз мӯи печонат гузашт.

Маслиҳат асло набуд ин ки равӣ дорулбақо,
Хонаи ободи манро ту кунӣ мотамсаро,
Дар хаёлам хомаам васфи туро хоҳад суруд,
Во дареғо, мечакад аз хомаам хуни ҳино.

пешина
аз 118
навбатӣ