Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа
Лаққӣ
Вақти бозаргонӣ аст,
Айёми гапдонӣ аст.
Лаққӣ ҳам савдо дорад,
Медонӣ, чиҳо дорад?
Бо як ҷӯшу хурӯше
Мекунад гапфурӯшӣ.
Илоҷ
Гарчи сиёҳрангам,
Тағйири ранг душвор.
Будаст лек роҳаш
Дар нархҳои бозор.
Қитъа
Гоҳ-гоҳе зи ман ҳамепурсанд,
Ки зи моли ҷаҳон чиҳо дорам?
Табақи холии палав донад:
Мани бечора иштиҳо дорам.
Ҳасрат
Сад дареғо, мансаби бо ҷон қаринам рафт, рафт,
Обрӯю қадри то чархи баринам рафт, рафт.
Дар ҳавои орзуҳоям чу шоҳин будаам,
Чун Сулаймони замон тахту нигинам рафт, рафт.
Мевазидам гоҳ мисли тундбоде ҳар тараф,
Қувваи сарпанҷаи зӯри матинам рафт, рафт.
Як дарахти соявар будам барои дӯстон,
Чаппа гашта решаҳои оҳанинам рафт, рафт.
Чашмаи дар ҷӯш будам вақти гуфтору сухан,
Нутқи пур аз қарсаки шӯрофаринам рафт, рафт.
Аз саҳар то шом буд мошинсаворӣ кори ман,
Рӯзҳои дар шитоби беҳтаринам рафт, рафт.
Ҷуръати бар рӯи ман теғи нигаҳ кардан набуд,
Тиру шамшери ғурури дар каминам рафт, рафт.
Оқибат шарманда гардидам миёни ому хос,
Тоҷи мансаб аз сари бологузинам рафт, рафт.
Қиссаи як шаб
(Нимшӯхиву нимҷиддӣ)
Рӯзе ману Адбулло
Торикшаб шуда ҳамроҳ
Ба хонамон мерафтем,
Чаққон-чаққон мерафтем.
Ногоҳ аз ким-куҷое
Як саги баднамое.
Ба сӯи ман ҳамла кард,
Ба Абдулло ӯ накард.
Лесид дасти Абдулло,
Думликонӣ кард ӯро.
Оё медонӣ, чӣ сон
Саг ба ӯ шуд меҳрубон?
Ҳайрон нагардӣ асло,
Ин ҷост як муаммо.
Абдулло пурсавғо аст,
Қаровули райпо аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё