Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа
ПОРАҲО АЗ
ҲАҶВ
Мӯрак бошад—е!...
Усуни дарё беқарор,
Эсуни дарё беқарор.
Бар осмон дакка зад
Нарху навои бозор.
Соли нав мӯрак бошад—е!
Усуни дарё ҳезум не,
Эсуни дарё ҳезум не.
Ҷангала ғорат карданд,
Инсофи ин мардум не.
Соли нав мӯрак бошад—е!
Усуни дарё парванда,
Эсуни дарё парванда.
Қирон ояд ба тухми
Ҳар маводи тарканда.
Соли нав мӯрак бошад—е!
Усуни дарё овоза,
Эсуни дарё овоза.
Агар кораш фармойӣ,
Танбал кашад хамёза.
Соли нав мӯрак бошад—е!
Усуни дарё хунёгар,
Эсуни дарё хунёгар.
Надорад асло серӣ
Чашми танги савдогар.
Соли нав мӯрак бошад—е!
Усуни дарё кашокаш,
Эсуни дарё кашокаш.
Героина номаш гум
Аз ин ҷо то Марокаш.
Соли нав мӯрак бошад—е!
Усуни дарё хушпалак,
Эсуни дарё хушпалак.
Деҳқон мекунад меҳнат,
Раис мехӯрад арақ.
Соли нав мӯрак бошад—е!
Усуни дарё хандоханд,
Эсуни дарё хандоханд.
Мактаб надорад барқу
Компютар мехоҳанд.
Соли нав мӯрак бошад—е!
Усуни дарё пурмағал,
Эсуни дарё пурмағал.
Соҳиби ҳар чӣ шудаст
Хоб бинад камбағал.
Соли нав мӯрак бошад—е!
Усуни дарё бекорӣ,
Эсуни дарё бекорӣ.
Мардон Русия рафтанд,
Занҳо дар интизорӣ.
Соли нав мӯрак бошад—е!
Усуни дарё Соли нав,
Эсуни дарё Соли нав.
Баҳри шумо хоҳонем
Сериву амволи нав.
Соли нав мӯрак бошад—е!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё