Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа
Моҳона
Моҳона, эй моҳона,
Қимати ту шоҳона.
Номи хушат дар забон,
Бар тани мурдаӣ ҷон.
Мо ҳаводори туем,
Чашминтизори туем.
Чун саховати доро
Чаро шудӣ камнамо?!
Биё боре наздамон,
Ба кисаҳо шав меҳмон.
Хонаҳо бе ту сарданд,
Бе ту чеҳраҳо зарданд.
Гарчи туӣ моҳона,
Соле биёӣ ё на.
Танзим
(Тақлиде ба мардум)
Меган замин кам шидай,
Ду дида пърнам шидай.
Намедонъм чун кънъм,
Ғамома берун кънъм.
Хӯрданӣ бисёр шава,
Ҷебакъм пулдор шава.
Ҳар кӣ раисъм бъга,
На, ки саисъм бъга.
Бо ҳамӣ андешаҳо,
Фикри патакрешаҳо.
Танзим оила кардъм,
Бе макру ҳила кардъм.
Занма ай хона рондъм,
Дар хона танҳо мондъм.
ЭПИГРАММАҲО
Ҳофизтарош
Хост ки машҳур бошад байни халқ,
Не Зафар гардиду ӯ не Одина.
Кард нав ҳам хонаю ҳам завҷаро,
Лек ӯ хонад суруди порина.
Такасалтанг
Рӯи курсӣ чун ба автобус нишаст,
Як газете паҳн кард ӯ пеши рӯ.
Баҳри он дорад «қироат» аз газет,
Ки нагирад марди пире ҷои ӯ.
Хушомадгӯ
Ҳаст андар хонаи ӯ сурате,
Сӯи он дуқат шуда дӯзад назар.
Бошад он сурат зи сардори наваш,
Ӯ хушомад мезанад шому саҳар.
Бадзот
Бидидам шахи қонунфаҳм дирӯз
Ба мардум ваъз аз ахлоқ гуфто.
Вале як рӯз чун аз байн бигзашт,
Биронд аз хонадон ӯ завҷаашро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё