Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа
Ғайбатчӣ
Миёни халқ бо кибру ғуруре
Якеро бад, дигарро нек гӯяд.
Худашро гар кунӣ таҳқиқ андак,
Аз ӯ одамгарӣ асло нарӯяд.
Каллакаду
Агарчи хонд се дорулфунунро,
Ба ҷайби хеш дорад сета диплом.
На дониш дораду не кори маъқул,
Бувад илмаш мисоли меваи хом.
Дурӯя
Шигифто, як тану ду лафз ӯрост,
Нигоҳаш нимхубу нимбеҷост.
Бигӯяд ҳар киро гаҳ неку гаҳ бад,
Намефаҳмӣ: ду одам ё ки яктост?!
Бовари кас набуд
(Аз забони марди аз занаш ҷабрдида)
Ман калон мешавам,
Ман фалон мешавам…
Бовари кас набуд
Занкалон мешавам.
Во шавад чашми рӯз,
Гурезам Уртабуз.
Гоҳ бинӣ ба Вахш,
Гоҳ дар Қистакуз.
Ҳамчу магнитафон
Завҷа дорад забон,
Ҷонам омад ба лаб,
Мекашам сад фиғон.
Қаҳраш ояд агар,
Мезанад он қадар
Ки барояд аз он
Ғурраҳо, дар тори сар.
Раҳм кун, эй занам,
Ошиқи ту манам,
То кай аз ҷабри ту
Сар ба ҳар ҷо занам?!
Гар нагардӣ рафиқ,
Ҳам нагардӣ шафиқ,
Завҷа нав мекунам,
Ҳо, зи Деҳқонариқ.
Ман калон мешавам,
Ман фалон мешавам…
Бовари кас набуд
Занкалон мешавам.
Тепловоз
Бачаи ҳамсоя дӯш
Аз писари ман Матин
Дар айни гарми бозӣ
Кард суоле чунин:
—Чаро ки додои ту
Чун биёяд аз сафар,
Гӯгирд карда берун,
Сигор медиҳад дар?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё