Зеҳн
Олимон

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 34 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Соли 1957 ба аспирантура дохил шуда, марти соли 1968 дар мавзӯи: «Ташкилшавӣ ва тараққиёти ташкилоти пионерии Тоҷикистон дар солҳои 1923-1941» рисолаи номзадӣ навишта, ҳимоя мекунад. Солҳои зиёд ба сифати муаллим ва мудири кафедраи педагогика ва психологияи Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе ҳоло ба номи Садриддин Айнӣ) ба фаъолият машғул шудааст. Ӯро профессори корҳои пионерию комсомолӣ меномиданд.
Исроил Исмоилов бисёр мақолаҳое ба чоп расонидааст, ки ба мавзӯи ташкилотҳои пионерию комсомолӣ алоқаманданд. Дар ин бора китобҳо ҳам навиштааст. Дар бораи таърихи Панҷакенто ва шахсиятҳои алоҳидаи таърихию барӯманд низ китобҳо навиштааст.
Хизматҳои арзандаю сермаҳсули И.Исмоилов бо унвони «Корманди шоистаи маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Грамотаи Фахрии Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаю нишонҳои соҳавӣ қадр шудааст.

Камол Насрулло соли 1950 дар деҳаи Панҷрӯд, ватани маликушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, дар оилаи зиёӣ, омӯзгори варзида Насрулло Усмонов ба дунё омадааст.
Баъди хатми мактаби миёнаи №6, ба номи Абдусалом Деҳотии Колхозчиён ба Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Садриддин Айнӣ дохил шуда, факултаи филологии онро соли 1971 хатм намуд. Ӯ ходими адабии маҷаллаи «Машъал» (1974-1976), тарғиботчии адабиёти бадеии ИН Тоҷикистон. Аз соли 1986 муҳаррири маҷаллаи «Чашма». Эҷодиёташ аз солҳои 70-ум ба хонандагон маълум буд. Маҷмӯаи аввалинаш бо номи «Навгонӣ» соли 1978 интишор шуда, ба дасти ҳаводори каломи бадеъ расид.
Баъдтар маҷмӯаи «Барги зуф» (1981), «Гузаргоҳи дил»
(1983), «Номаи боли кабӯтар» (1986), «Нома ба офтоб»
(1988) чоп шуд.
Манзумаи «Роҳ ба сӯи офтоб» ба роҳи магистралии «Байкал-Амур» бахшида шудааст. Баъдтар китобҳои шоир «Бӯи Ватан» ва «Чеҳраи бахт» ба чоп расиданд. Бисёр шеърҳои ӯ дар маҷаллаҳои бонуфузи вақт «Молодая гвардия», «Помир», «Огонёк», «Литературная газета», «Комсомольская правда», «Ҷумҳурият», «Молодые поэты Средней Азии» ва ғайра ба табъ расидаанд.

пешина
аз 34
навбатӣ