Олимон

Камол Насрулло шоири ширинзабон буда, барои ҳама наслҳо – ҳам бачагон ва ҳам барои калонсолон менависад.
Суфтаву равон, малеҳу сареҳ, бо фикри бикр менависад. Ӯ Лауреати мукофоти комсомоли ҷавонони Тоҷикистон буда, аз соли 1979 узви ИН Тоҷикистон ва узви Иттифоқи журналистон мебошад. Ӯ дорандаи Грамотаи Фахрии Шӯрои Олии Тоҷикистон буда, бо унвони Шоири Халқии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст, дигар мукофотҳои соҳавиро низ дорост.
Камол Насрулло тарҷумони хуб ҳам ҳаст. Аз эҷодиёти адибу шоирони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бисёр шеърро бо забони ноби тоҷикӣ тарҷума кардааст. Хонандаашро ба адабиёти бисёр халқҳои ҷаҳон муаррифӣ намудааст.
Тағоймуроди Муҳаммадмурод 20 феврали соли 1940 дар деҳаи хушманзари Мазори Шариф, ноҳияи Колхозчиён ба дунё омадааст. Дар мактаби 7-солаи деҳааш таълим гирифтааст. Баъд интернати назди мактаби миёнаи №6, ба номи А. Деҳотии деҳаи Ғӯсарро хатм намуда, соҳиби маълумоти миёна гаштааст. Баъди хатми он ба факултаи физика ва асосҳои истеҳсолоти Донишкадаи ба номи С.М. Кирови шаҳри Хуҷанд (он вақт Ленинобод) дохил шуда, баъд Институти омӯзгории шаҳри Душанберо хатм менамояд. Дар мактаби ҳизби коммунист ҳам таҳсил кардааст. Дар вазифаҳои котиби масъули ҷамъияти «Дониш», котиби якуми комитети ноҳиявии комсомоли ноҳияи Қумсангир, котиби комитети партиявии ноҳиявӣ шуда фаъолият менамояд.
Муҳаммадмурод Тағоймуродов чун қаламкаши босалиқа низ шинохта шудааст.
Китобҳои ӯ зери унвони «Маллаой», «Дар ҷустуҷӯи падар», «Як тика ёди бачагӣ» ва дигарҳо ба нашр расидаанд.
Хизматҳои Тағоймуродов бо якчанд ордену медал, Грамотаи Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон, Ифтихорномаҳои соҳавӣ қадр карда шудаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё