Зеҳн
Олимон

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 34 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Хабари ғалабаро бар Германияи гитлерӣ дар госпитали саҳроӣ мешунавад.
Баҳриддин Низомов июни соли 1945 бо сари баланд ба Ватан баргашта, ба меҳнати осоишта машғул мешавад.
Ҳисобдори хоҷагии маҳалли зист ва корманди шӯъбаи алоқа будааст.
Хизматҳои ҷангии ин марди далеру шуҷоъ бо орденҳои «Ҷанги Ватанӣ», «Ситораи Сурх», «Шараф» ва медалҳои бисёре қадрдонӣ карда шудааст.
Баҳриддин Низомов соли 1993 аз олам даргузаштааст, хонаи охираташ дар оромгоҳи умумии деҳаи Роҷ мебошад.

Отахон Латифӣ 1936-1998 дар Панҷакент таваллуд шудааст, дар оилаи хизматчӣ. Хатмкардаи мактаби миёнаи рақами №1, ба номи И. П. Разин. Соли 1963 факултаи журналистикаи Университети давлатии шаҳри Ленинградро ба итмом расонидааст. Корро дар нашриёти «Ирфон» аз тарҷумонӣ оғоз намуда, солҳои 1963-1967 дар рӯзномаҳои «Комсомолец Таджикистан» ва «Комсомоли Тоҷикистон»
фаъолият мекунад. Солҳои 1967-1973 аввал инструктори КМ ЛКС Тоҷикистон, баъд мухбири рӯзномаи «Комсомолская правда» дар республикаҳои Осиёи Миёна (Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон буд.) Аз соли 1973 хабарнигори Органи КМ КПСС рӯзномаи «Правда» то соли 1985. Ғайр аз хабару мақолаҳои расмӣ ӯ дар матбуоти даврӣ, аз ҷумла дар маҷаллаҳои «Садои Шарқ», «Помир», «Юность», «Литературная учёба», «Советская литература», «Известия», «Правда» ва дигарҳо очерку фелетон, репортаж ва бештар мақолаҳои танқидӣ чоп мекард. Асарҳои ӯ бо номи «Тирамоҳи заррин» (1986) ва «Рӯзгори соҳибдилон»
(1985 бо ҳам муаллифии Абдурофеъ Рабиев) ба нашр расидаанд.
Отахон Латифӣ соли 1985 ба узвияти ИН СССР пазируфта шудааст. Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон низ буд. Хизматҳои арзандаи Латифӣ бо ордени «Нишони фахрӣ» Грамотаи фахрии Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон ва мукофоти журналистони ба номи Абулқосим Лоҳутӣ қадр шудааст.

пешина
аз 34
навбатӣ