Зеҳн
Олимон

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 34 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Латифӣ Отахон солҳои навадуми асри бистум вазифаи муовини раиси Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт. Соли 1998 ҳангоми сӯиқасд дар шаҳри Душанбе ба ҳалокат расидааст.

Убайд Раҷаб (1932-2004) дар деҳаи Некноти ноҳияи Панҷакент ба дунё омадааст, дар оилаи деҳқон. Ӯ мактаби 7-солаи деҳа ва омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакентро хатм намудааст. Донишкадаи шаҳри Душанбе, ба номи Т.Г.Шевченко (ҳоло бо номи С.Айнӣ)-ро соли 1954 бо дипломи аъло ба итмом расонида, ҳамон сол дар рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» ҳамчун ходими адабӣ ба кор оғоз намуд. Баъд дар маҷаллаи «Машъал» ва рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» мудири шӯъбаи тарғибот ва ташвиқотро ба ӯҳда дошт. Соли 1962 узви ИН Тоҷикистон шуд. Дар анҷумани панҷӯмини ИН Тоҷикистон котиби раёсати ИН ва муҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ» интихоб шуд. То охири умраш ба ҳайси мушовири ИН оид ба адабиёти бачагона фаъолият дошт. Бештар барои бачагон эҷод мекард.
Асарҳояш: «Афсонаҳои бобо», «Саду як барг», «Марворид», «Ману ҷӯраҳои ман», «Саррез», «Илҳом», «Нимарӯз», «Рӯи замин», «Рози обшор», «Арчамайдон» ва ғара.
Асарҳояш бо забонҳои русӣ, украинӣ, қазоқӣ ва дигар забонҳо тарҷума шудаанд.
Убайд Раҷаб дорандаи Ҷоизаи ҷавонони Тоҷикистон (1977) ва мукофоти байналхалқии ба номи Г. Андерсон (1953) буда, бо унвонҳои фахрии Корманди Шоистаи Фарҳанги Тоҷикистон ва Шоири Халқии Тоҷикистон, медал «Барои хизмати шоён» сарфароз гардонида шудааст. Китобхонаи марказии шаҳри Панҷакент ба номи ӯ гузошта шудааст. Ӯ дорандаи Грамотаи Фахрии Президиуми Шӯрои Олии Ҷ.Т ва медалҳо мебошад.
Убайд Раҷаб соли 2004 олами фониро тарк карда буд.
Рӯҳаш шод бод.

Фарҳоди Каримзод (Каримов Фарҳод) 9 марти соли 1958 дар деҳаи Кулолии ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд ба ҷаҳон омадааст.

пешина
аз 34
навбатӣ