Зеҳн
Олимон

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 34 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Умриддин Юсуфов 1-уми октябри соли 1974 дар деҳаи Ғазаи ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Хатмкардаи мактаби асосии деҳаи Ғазза ва мактаби миёнаи рақами 35, деҳаи Советобод (Рукнободи имрӯза).
Солҳои 1992-1997 донишҷӯи бахши арабии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва баъдан аспиранти шуъбаи ғоибонаи кафедраи филологияи арабии ҳамин факулта будааст.
Аз соли 1999 то 2002 ба сифати муаллими забон ва адабиёти араб дар кафедраи филологияи араби факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 2002 сар карда дар Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳайси ёвари муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, машваратчии калони Котиби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита ба ҷомеа фаъолият доштааст. Мардест масъулиятшинос, хушкор, донишманду бофарҳанг, принсипноку нисбати кор серталаб, нисбати ҳамкорон хушмуомила.
Ӯ ба корҳои илмиву эҷодӣ низ машғул будааст. Номзади илмҳои филологӣ (2010), узви Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон (2011).
Рисолаи илмии «Ибни Рашиқ ал-Қайрувонӣ» ва асари ӯ «Ал-Умдафӣ маҳосини-ш-шеъри ва одобиҳ ва нақдиҳ»-ро нашрияи «Ирфон» соли 2012 ба табъ расонидааст. Муаллифи беш аз 20 мақолаи илмӣ-адабӣ мебошад.
Бо тахаллуси Нӯшин шеър менависад. Ду маҷмӯаи ашъораш бо номҳои «Ганҷури ишқ» («Деваштич», 2004) ва «Замзамаи обшор» («Адиб», 2010) чоп шудаанд ва имрӯз дар дасти хонанда мебошанд.
Инчунин шеърҳояш дар рӯзномаву ҳафтаномаҳои «Ҷумҳурият», «Адабиёт ва санъат», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Озодагон», «Ҳафтганҷ», «Оила», «Овоза ва ҳақиқат» ва маҷаллаи адабии «Садои Шарқ» ба табъ расидаанд. Ӯ бо чандин Ифтихорномаҳои соҳавӣ сарфароз гардонида шудааст.

пешина
аз 34
навбатӣ