Зеҳн
Олимон

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 34 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ӯрун Кӯҳзод. Соли 1937 дар деҳаи Ғаззаи ҷамоати Ворӯ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Баъди хатми омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакент ба Донишкадаи омӯзгории ба номи Т.Г. Шевченко шаҳри Душанбе дохил шуда, факултаи филологияи онро соли 1959 ба итмом расонида, як муддат муаллим, лаборанти Институти забон ва адабиёти АФ РСС Тоҷикистон буд. Солҳои 1960-1968 ходими адабии журнали «Хорпуштак» корманди редаксияи «Маориф ва маданият»- солҳои 1968-1970.
Аз соли 1971 ҷонишини муҳаррири ҳамин рӯзнома. Аз соли 1980 мудири шуъбаи очерку публисистикаи маҷаллаи «Садои Шарқ». Вай ба кори эҷодӣ аз соли 1963 сар карда буд. Аввалин ҳикояҳояш дар маҷмӯаи «Сареву савдое»
(1971) чоп шудааст. Китоби «Роҳи ағба» (1974), «Писанддара» (1978), «Кини хумор», «Як рӯзи дароз», Рӯзи бисёр дароз», (Аз ҳаёти С Айнӣ) ва дигарон дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд Забони асарҳои Ӯрун Кӯҳзод (Ӯрунбой Ҷумъаев) равон, фасеҳу фаҳмо буда, ба хонанда завқи бадеӣ мебахшанд, ба олами андешаҳо мебаранд.
Ӯрун Кӯҳзод дар тарҷума ҳам маҳорати хуб дошт. Барои хизматҳои арзандааш ба ӯ унвони фахрии «Нависандаи Халқии Тоҷикистон» дода шудааст. Нависандаи хушгуфтору сермаҳсул буда, нисбати рафиқону ҳамкорон бо зарофатгӯиҳояш маҳбубияти хосро доро буд. Мусоҳибон дӯсташ медоштанд, эҳтиромаш мекарданд, устод гӯён муроҷиат менамуданд.
Оре, Ӯрунбой Кӯҳзод ҳавову кибри нависандагӣ надошт, шахсе буд оддӣ, фурӯтан, хоксор, ба ҳама баробар.
Аз ин ҷост, ки ҳама дӯсташ медоранд. Шахсест дидадаро, соҳибэҳтиром, дар маънӣ мӯйшикоф.

Ҷӯёи Самарқандӣ (Раҳимов Баҳриддин Одинаевич) 10
июни соли 1960 дар деҳаи Ғаззаи ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд ба ҷаҳон омадааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи
№6 ноҳия, соли 1977, донишҷӯи факултаи геологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин гардидааст.

пешина
аз 34
навбатӣ