Олимон

Солҳои 1982-1984 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ адои хидмати сарбозӣ намудааст. Солҳои 1984- 1988 дар идораҳои геологияи ҷумҳурӣ кор кардааст.
Соли 1988, бо роҳхати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, дар бахши тарҷумонии факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тбилиси (Гурҷистон) ба таҳсил пардохтааст.
Аз соли 1991 то имрӯз дар идораҳои гуногуни матбуоти ҷумҳурӣ фаъолият мебарад.
Муаллифи маҷмӯаҳои шеърии «Тирамоҳи ормонҳо»
(1992), «Фарёдҳои бесадо» (1997), «Аз шаҳри ёдҳо» (2002), «Суфраи шеър» (дафтари аввал – 2007; дафтари дувум – 2011) мебошад.
Намунаҳоеро аз осори манзуму мансури Иля Чавчавадзе, Важа Пшавела, Галактион Табидзе, Титсиан Табидзе, Нодар Думбадзе, Радий Фиш, Олжас Сулаймонов, Евгений Евтушенко, Вилям Фолкнер, Эрнест Ҳемингуэй, Чингиз Айтматов, Чабуа Амирэҷиби, Лу Син, Дмитрий Лихачёв ва диг. ба тоҷикӣ гардондааст. Ҳамчунин, дар тарҷумаи китобҳои дарсӣ барои мактабҳои миёна ва олии ҷумҳурӣ ширкат варзидааст.
Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Узви Иттифоқи журналистон (1996) ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2004) аст.
Холмурод Шарифов 12 феврали соли 1927 дар деҳаи
Кулолии ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Панҷакент таваллуд ёфтааст. Дар хурдсолияш хонадонашон ба Водии Вахш
кӯч бастааст. Солҳои 1937-1938 дар хонаи бачагони Вахш
тарбият гирифта, фаъолияти меҳнатияшро аз 15-солагӣ дар
ноҳияи Октябри вилояти Қӯрғонтеппа (ҳозира Бохтари вилояти Хатлон) сар карда, то соли 1946 ба сифати узви колхоз фаъолият доштааст. Солҳои 1946-1955 дар созмонҳои
комсомолии водиҳои Вахшу Ҳисору Қаротегин адои вазифа
карда, сипас корманди мақомоти давлатӣ, ҳамзамон, сардори ситоди сохтмони Канали Марғедар (дар Панҷакент) будааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё