Зеҳн
Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Субҳгоҳе аз даҳонат сўйи ман хандид ишқ,
Сивуду дандони ҷонам аз даҳан кандид ишқ.
Тухмаҳо бишкофт сангу ғунчаҳо бишкофт нахл,
Накҳате аз ту шуниду сад чаман чандид ишқ.
То замину осмонҳоро шукуфтан дин бувад,
Гўр механдад, чу гўянд, аз сухан гандид ишқ.
Ин суханнашкуфтаҳо бериши ҳикмат мондаанд,
Кай зи дунгўӣ ба дунёи данӣ дандид ишқ.
Мешикофад санги дўзах атри ту рў сўйи дил,
То тафаккур бишкуфад дар ҷони тан тандид ишқ.


Ишқ ҷағона мезанад пойфишон ба боми дил,
Буздили ақлро бубин, войзанон ба номи дил.
Ошаки ақл шўр шуд, чашмаки ақл кўр шуд.
Аз паи ҷанги тан ба тан рў наниҳад ба Соми дил.
Шуш нафас дарункашон пушт ба тахтупушт кард,
Пунба ба чашму гўш зад аз нафасу каломи дил.
Луқмаҳаке алўли ў, луқмаҳаке булули ў,
Гурги ҷигар чашида буд, дур, ки буд моми дил.
Панҷа ба чархи шед зад, тез гирифту боз гашт,
Лахта ба лахта шуд ҷигар, ишқ кашид ҷоми дил.


То бўсаи таҳрири лабам байти лабат дид,
Аз ғунчаи маънии ҳавас чашм бипўшид.
Назми нигаҳи шарм буд он холи ҳароса,
Аз гармии маънӣ ба лабат бекулаҳ афтид.
Дарбон, ки биафтод, забон сар бадар овард,
Аз шарбати таҳрир сарак рафту бичархид.
Завлонаву занҷири сухан канду биандохт,
Дарёфт забони дилу чун мор бипечид.
Хандид муҳаббат, ки бубин ҳикмати мардум,
Ширини сухан мор зи хона бадараш чид.

пешина
аз 186
навбатӣ