Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
Эй монда аз Худо, ба чӣ пастӣ, ки меравӣ
В-эй аз худат ҷудо, ба чӣ пастӣ, ки меравӣ.
Андохта ба по Ватани мо чу лошае,
Чун лошахори мо ба чӣ пастӣ, ки меравӣ.
Сайре накарда бо шиками нур чун фалак,
Эй дар шикам баҷо11, ба чӣ пастӣ, ки меравӣ
Саг ҳам ба сайри чарх баромад ба чашми ту,
Сагро ба зери по, ба чӣ пастӣ, ки меравӣ.
Ин ҳам туӣ, ки хондаӣ худро Худо-Худо?
Дил сўи Карбало ба чӣ пастӣ, ки меравӣ.
Гургӣ ба гург, баррагӣ бо барра зеб дод,
Бо ҷони садбало ба чӣ пастӣ, ки меравӣ.
Охир ту бесабаб найи болои ин Замин
Чанд аз сабаб хато ба чӣ пастӣ, ки меравӣ.
Эй беғурур, як қадамак пеш ирода кун.
Як зинаҳак баро, ба чӣ пастӣ, ки меравӣ.
Эй нури нигоҳ Тоҷикистон Афтода зи моҳ Тоҷикистон.
Хун мечакадат ба бўи ваҳдат, Чашми сари роҳ Тоҷикистон.
Бар дини ҷаҳон кушода сина, Аз хеш паноҳ Тоҷикистон.
Истода ба пушти худ таҳидаст, Бегонасилоҳ Тоҷикистон.
Овехта аз гулў ба гардун, Худро чу гуноҳ Тоҷикистон, Кай бе ту туро Худо шиносад Ай доди илоҳ Тоҷикистон.
1995
1 Пинҳон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё